“Ба сараш бо санг задаанд”. Боздошти ду бародар бо гумони куштори бародари калониашон

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти ду сокини Шаҳритӯс бо гумони куштори бародарашон хабар додааст. Ин ниҳод гуфтааст, ин ду мард 38 ва 35 сол дошта, рӯзи 23-юми декабр ҳангоми ҷамъоварии ҳезум бо бародари 40-солаашон дар ноҳияи Шаҳритӯс ҷанҷол кардаанд. Ин муноқиша, ба гуфтаи манбаъ, дар ҳолати мастии бародарон ва бо сабабҳои оилавӣ сар задааст. Ҳамроҳи […]

Идибеки Саид, махсус барои Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти ду сокини Шаҳритӯс бо гумони куштори бародарашон хабар додааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ин ду мард 38 ва 35 сол дошта, рӯзи 23-юми декабр ҳангоми ҷамъоварии ҳезум бо бародари 40-солаашон дар ноҳияи Шаҳритӯс ҷанҷол кардаанд. Ин муноқиша, ба гуфтаи манбаъ, дар ҳолати мастии бародарон ва бо сабабҳои оилавӣ сар задааст. Ҳамроҳи онҳо як ноболиғи 11-сола ҳам будааст.

ВКД гуфтааст, бародарон якҷо бародари калонии худро латукӯб карда, “бо санги калон ду маротиба ба сараш” зарба задаанд, ки дар натиҷа ӯ ҷон бохтааст.

Ба қавли мақомот, гумонбарон ҷасади бародарашонро дар аввал дар ҷойи ҳодиса гӯр карда, ният доштаанд, ки шабона онро ба манзилашон оварда, ба хок месупоранд. Аммо ҳангоми омадан ба ҷойи ҳодиса дастгир мешаванд.

Ҳоло  алайҳи ин бародарон бо иттиҳоми “одамкушӣ” (моддаи 104 қисми 2 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин иттиҳом аз 15 соли зиндон то ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.

Назари ҳарду гумонбар дар робита ба ин қазия дастрас нест.

Дар Тоҷикистон куштори наздикон аз сӯи хешовандонашон ҳодисаи нав нест. Қаблан низ чунин ҳодисаҳо расонаӣ шуда буд. Аз ҷумла се рӯз пеш Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти марде хабар дода буд, ки ба гуштори падари 69-солааш гумонбар мешуд.

Дар шарҳи ин ҳодиса мақомот гуфта буданд, ки “падар бо белча ду маротиба ба дасти писари 40-солааш зарба задааст, писараш ба ғазаб омада, бо чангак (барои кофтани оташдон) ба гардану гулӯ ва қисмати қафаси синаи падараш зарба задааст”.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар кишвар дар шаш моҳи  соли равон 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон сабт шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.