Ш.Шабдолов: Дар лоиҳаи нави қонун дар бораи забони давлатӣ мақоми забони русӣ ба таври бояду шояд ба эътибор гирифта нашудааст

            Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндаи мардумӣ дар парлумони ҷумҳурӣ, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки бекор кардани мақоми забони русӣ ҳамчун забони муоширати байнулмилалӣ дар лоиҳаи нави Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» иштибоҳи ҷиддӣ аст. «Дар лоиҳаи нави қонун мақоми забони русӣ аз ҷиҳати сиёсӣ, […]

Далер Ғуфронов



           

Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндаи мардумӣ дар парлумони ҷумҳурӣ, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки бекор кардани мақоми забони русӣ ҳамчун забони муоширати байнулмилалӣ дар лоиҳаи нави Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» иштибоҳи ҷиддӣ аст. «Дар лоиҳаи нави қонун мақоми забони русӣ аз ҷиҳати сиёсӣ, маърифати ва илмӣ ба таври бояду шояд ба эътибор гирифта нашудааст», – гуфт ӯ.





           

Ба гуфтаи Шабдолов, дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ забони русӣ чун забони муоширати байнулмилалӣ эътироф шудааст ва дар қонунгузории кишвар мо наметавонем онро нодида гирем. «Гузашта аз ин, мебояд онро ҳам ба назар гирфт, ки забони русӣ яке аз забонҳои расмии СММ маҳсуб мегардад», – иброз медорад ӯ.




           

Мавсуф зикр кард, ки «ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон бояд забони давлатиро донанд ва ин амри табииву қонунӣ аст, вале маънои онро надорад, ки забони русӣ ҳамчун забони муоширати байнулмилалӣ дар ҶТ бекор карда шавад. «Албатта, мо бояд ба забони модарии хеш эҳтиром гузорем, вале бо як забони тоҷикӣ мо ҷое рафта наметавонем», – афзуд Шабдолов.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.