1,5 ҳазор ҷавон бо пардохти қариб 43 млн сомонӣ хидмати ҳарбиро адо мекунанд

Asia-Plus

Дар даъвати баҳории имсола 1 ҳазору 500 ҷавони синни даъватӣ бо пардохти қариб 43 млн сомонӣ ба хидмати ҳарбии пулакӣ ҷалб шудаанд. Дар ин бора Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Номбурда гуфт, ҳар як ҷавон бо пардохти 28 ҳазору 560 сомонӣ ё 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 68 сомонӣ) хидмати ҳарбии баҳориро адо мекунанд.

Ба иттилои ӯ, 1500 нафар дар ду баст ба хидмати ҳарбии якмоҳа ҷалб мешаванд.

“Шурӯъ аз 12-уми июни соли равон қисми аввали онҳо дар марказҳои ҳарбии таълимии “Лоҳур” ва “Тоҷмаҳал”-и шаҳри Душанбе, пойгоҳи маркази таълимӣ-ҳарбии “Фахробод”-и вилояти Хатлон ва пойгоҳи таълимӣ – ҳарбии филиали Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа дар вилояти Суғд ба хидмати ҳарбии 30 рӯза ҷалб шуданд. Қисми дуввум баъди 12-уми июл ба хидмат ҷалб мегарданд”, – гуфт сухангӯи Вазорати дифоъ.

Бояд гуфт, ки аз моҳи декабри соли 2022 то феврали соли 2023 1 ҳазор ҷавони тоҷик бо пардохти қариб 27 млн сомонӣ хидмати ҳарбии пулакиии тирамоҳиро адо карда буданд.

Ҳамин тариқ, дар даъвати баҳории соли гузашта 1 ҳазору 200 ҷавони тоҷик бо пардохти 32 млн. 256 ҳазор сомонӣ хидмати ҳарбии пулакиро адо карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 парлумони Тоҷикистон қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”-ро дар таҳрири нав қабул кард, ки тибқи он минбаъд шаҳрвандони синну соли даъватӣ метавонанд, бо супоридани маблағи муайян ва адо кардани хидмати якмоҳаи ҳарбӣ ба сафи эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шомил гарданд.

Баъди баҳсу баррасии зиёд, моҳи августи соли 2020 ҳукумати кишвар арзиши маблағи пардохт барои ин намуди хидматро муқаррар намуд. Ин маблағ ба 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар аст.

Қабули шаҳрвандон барои адои хизмати ҳарбии пулакӣ дар доираи квотаи муқарраргардида амалӣ мешавад ва дар сурати аз доираи квота бештар муроҷиат кардани аҳолӣ онҳо метавонанд, ки дар даъвати минбаъда ба хизмати ҳарбии пулакӣ ҷалб шаванд. Нақша вобаста ба муроҷиати аҳолӣ дар ҳар мавсими даъват каму зиёд мегардад.

Тибқи муқарароти қонуни нав, ҷавонон барои адои ин навъи хидмат ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист муроҷиат намуда, баъди пардохти маблағ дар БДА ҶТ “Амонатбонк” ба омӯзиш ҷалб мегарданд.

Фаридун Маҳмадализода афзуд, маблағи пардохтгардида барои бунёди қисмҳои ҳарбии алоҳида дар ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ, ташкили пойгоҳҳои моддӣ-техникӣ, сохтмони бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, таъмиру тармими онҳо, пардохти маоши афсарону кормандони таълимдиҳанда, хароҷоти маъмурӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии дигар хизматчиёни ҳарбӣ равона мегардад.

Гуфтан ба маврид аст, ки мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад.

Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Аз “А” то “Я”-и хидмати пулакиро дар мақолаи мо мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...