Хидмати ҳарбии пулакӣ. 1200 ҷавон бо пардохти беш аз 32 млн. сомонӣ ба аскарӣ рафтанд

1200 ҷавони тоҷик бо пардохти 32 млн. 256 ҳазор сомонӣ ба хидмати ҳарбии пулакӣ оғоз карданд. Дар ин бора Фариддун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиа ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ӯ гуфт, ҳар як ҷавон бо пардохти 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки баробар ба 26 ҳазору 880 сомонӣ аст (як нишондиҳанда 64 сомонӣ), хидмати сарбозиро адо мекунанд. […]

1200 ҷавони тоҷик бо пардохти 32 млн. 256 ҳазор сомонӣ ба хидмати ҳарбии пулакӣ оғоз карданд. Дар ин бора Фариддун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиа ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ӯ гуфт, ҳар як ҷавон бо пардохти 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки баробар ба 26 ҳазору 880 сомонӣ аст (як нишондиҳанда 64 сомонӣ), хидмати сарбозиро адо мекунанд.

Ба қавли номбурда, хидмати сарбозон 17 август оғоз гардида, дар 4 пойгоҳи ҳарбии таълимӣ як моҳ идома хоҳад кард. Онҳо хидмати ҳарбии пулакиро дар доираи даъвати баҳорӣ адо менамоянд.

“Хидмати онҳо дар марказҳои ҳарбии таълимии “Лоҳур” ва “Тоҷмаҳал”-и шаҳри Душанбе, пойгоҳи маркази таълимӣ-ҳарбии “Фахробод”-и вилояти Хатлон ва пойгоҳи таълимӣ – ҳарбии филиали Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа дар вилояти Суғд идома дорад”, – гуфт Фаридун Маҳмадализода.

Тибқи муқарароти қонуни нав, ҷавонон барои адои ин навъи хидмат ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист муроҷиат намуда, баъди пардохти маблағ дар БДА “Амонатбонк” ба омӯзиш ҷалб мегардад.

Маҳмадализода афзуд, маблағи пардохтгардида барои бунёди қисмҳои ҳарбии алоҳида дар ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ, ташкили пойгоҳҳои моддӣ-техникӣ, сохтмони бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, таъмиру тармими онҳо, пардохти маоши афсарону кормандони таълимдиҳанда, хароҷоти маъмурӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии дигар хизматчиёни ҳарбӣ равона мегардад.

Гуфта мешавад, ки танҳо дар ду ҳолат маблағи пардохтнамудаи даъватшавнада баргардонида мешавад: дар ҳолати ғайри қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудан ва фавт ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ.

Қаблан Ҷовид Пирзода, ҳуқуқшиноси Вазорати мудофиа гуфта буд, ки қабули шаҳрвандон барои адои хизмати ҳарбии пулакӣ дар доираи квотаи муқарраргардида амалӣ мешавад ва дар сурати аз доираи квота бештар муроҷиат кардани аҳолӣ онҳо метавонанд, ки дар даъвати минбаъда ба хизмати ҳарбии пулакӣ ҷалб шаванд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 20 январи соли 2021 парлумони Тоҷикистон қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”-ро дар таҳрири нав қабул кард, ки тибқи он минбаъд шаҳрвандони синну соли даъватӣ метавонанд, бо супоридани маблағи муайян ва адо кардани хидмати якмоҳаи ҳарбӣ ба сафи эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шомил гарданд.

Баъди баҳсу баррасии зиёд, моҳи августи соли 2020 ҳукумати кишвар арзиши маблағи пардохт барои хидмати алтернативӣ (ҷойгузин) дар артиши кишварро муқаррар намуд. Ин маблағ ба 420 нишондиҳанда барои ҳисоб баробар аст.

Ҳамин тариқ, бори аввал, моҳи январи соли равон 450 ҷавон бо пардохти беш аз 11,3 млн сомонӣ хидмати сарбозии пулакиро адо карда, соҳиби билетӣ ҳарбӣ шуда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.