450 нафар бо 11,3 млн сомонӣ: Вазорати дифоъ шумораи онҳоеро, ки хидмати пулакиро адо карданд, эълон кард

Моҳи январи соли равон дар Тоҷикистон бори аввал 450 ҷавон бо пардохти беш аз 11,3 млн сомонӣ хидмати сарбозиро адо намудаанд. Дар ин бора сухангӯи Вазорати дифои кишвар Фариддун Маҳмадализода ба “Азия – Плюс” хабар дод. Номбурда гуфт, ҳар яки онҳо баъди пардохти 25 ҳазору 200 сомонӣ таълимоти якмоҳаи ҳарбиро дар пойгоҳи марказҳои таълимии “Фахробод”-и […]

Моҳи январи соли равон дар Тоҷикистон бори аввал 450 ҷавон бо пардохти беш аз 11,3 млн сомонӣ хидмати сарбозиро адо намудаанд. Дар ин бора сухангӯи Вазорати дифои кишвар Фариддун Маҳмадализода ба “Азия – Плюс” хабар дод.

Номбурда гуфт, ҳар яки онҳо баъди пардохти 25 ҳазору 200 сомонӣ таълимоти якмоҳаи ҳарбиро дар пойгоҳи марказҳои таълимии “Фахробод”-и вилояти Хатлон ва “Чоруқдарон”-и вилояти Суғд гузашта, дар ҳайати захираҳои даъватӣ савганди ҳарбӣ ёд карданд.

Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид гардид, ки тибқи он ҷавонони синни даъват метавонанд бо пардохти 420 нишондиданда барои ҳисобҳо ва гузаштани таълимоти якмоҳаи ҳарбӣ соҳиби билети ҳарбӣ шаванд. Як нишондиҳанда барои ҳисоб дар соли 2021 60 сомониро ташкил медод. Дар соли 2022 он 64 сомонӣ муқарар гардид.

Маҳмадализода афзуд, ки дар пойгоҳи Маркази таълимии “Фахробод”-и вилояти Хатлон, 285 нафар ва дар Маркази таълимии “Чоруқдарон”-и вилояти Суғд 164 нафар сарбоз хидмати ҳарбии пулакиро ба анҷом расониданд.

Ӯ гуфт, шаҳрвандони синну соли даъват барои адо намудани ин навъи хидмат ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист муроҷиат намуда, баъди пардохти маблағ дар “Амонатбонк” ба омӯзиш ҷалб шуданд.

Гуфта мешавад, ки танҳо дар ду ҳолат маблағи пардохтнамудаи даъватшавнада баргардонида мешавад: дар ҳолати ғайри қобили хизмати ҳарбӣ дониста шудан ва фавтидан ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ.

Ҷовид Пирзода, ҳуқуқшиноси Вазорати дифоъ дар шарҳи тартиби чалби ҷавонон ба хизмати пулакӣ гуфтааст, ки онҳо метавонанд, давоми сол барои хизмати пулакӣ ба комисариати ҳарбии маҳалли зисташон муроҷиат кунанд.

Ӯ афзудааст, ки маблағе, ки барои хизмат дар ҳайати захираҳои сафарбарӣ ба суратҳисоби махсуси Вазорати мудофиа гузаронида мешаванд, он пеш аз ҳама, барои таъмини амволи шайъӣ, маводи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, лавозимоти ҷангӣ ва дигар намуди таъминот, ки ҳангоми гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбии саҳроӣ пешбинӣ гардидааст, истифода мешавад.

– Ҳамзамон, сарфи маблағи мазкур барои бунёди қисмҳои ҳарбии алоҳида дар ҳудуди гарнизонҳои ҷумҳурӣ, ташкили пойгоҳҳои моддӣ-техникӣ, сохтмони бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта, таъмиру тармими онҳо, маоши афсарону кормандони таълимдиҳанда, хароҷоти маъмурӣ ва баҳри баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии дигар хизматчиёни ҳарбӣ равона мегардад, – зикр намудааст Пирзода.

Номбурда таъкид кардааст, ки қабули шаҳрвандон барои адои хизмати ҳарбии пулакӣ дар доираи квотаи муқарраргардида амалӣ мешавад ва дар сурати аз доираи квота бештар муроҷиат кардани аҳолӣ онҳо метавонанд, ки дар даъвати минбаъда ба хизмати ҳарбии пулакӣ ҷалб шаванд.

– Масалан, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тибқи квота 25 нафар муқаррар карда шуда буд, дар даъвати тирамоҳӣ аз шумораи муқаррагардида зиёд муроҷиат намуданд. Дар даъвати тирамоҳӣ, яъне дар моҳи ноябр шумораи муқарраргардида 25 нафар ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ фиристода шуда, шаҳрвандони боқимонда дар даъвати баҳории соли 2022 тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои адо намудани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати даъвати захираҳои сафарбарӣ фиристода мешаванд, – шарҳ додааст ҳуқуқшиноси Вазорати дифоъ.

Гуфта мешавад, ки даъватшавандаҳои  вилоятҳои Суғду Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои гирду атрофи он таълимоти ҳарбиро дар минтақаи худ адо карда, сокинони  ВМКБ  дар маркази таълимие, ки дар вилояти Хатлон мавҷуд аст, хизмати ҳарбии якмоҳаро адо менамоянд.

Ҷовид Пирзода илова намудааст, ҷавононе ки чунин хизматро адо мекунанд ҳамчун хизматчии ҳарбӣ ба кор қабул карда намешаванд ва онҳо наметавонанд ки дар мақомоти қудратӣ кор кунанд.

Вазорати дифоъ иттилоъ медиҳад, ки ҳоло дар кишвар беш аз 400 ҳазор ҷавони синни даъватӣ, ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод, фоизи хеле кам ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 20 январи соли 2021 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон таҳрири нави қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” мувофиқат кард.

Тибқи тағйиру иловаҳо, минбаъд шаҳрвандони синну соли даъватӣ метавонанд, бо супоридани маблағи муайян ва адо кардани хидмати якмоҳаи ҳарбӣ ба сафи эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳ шомил гарданд.

Ҳамчунин, ба хатмкардагони макотиби олӣ низ акнун лозим меояд, ки дар артиш як сол хизмат кунанд. Хатмкунандагоне, ки як сол хизмат кардан намехоҳанд, низ бояд бо пардохти маблағ як моҳ хизмат кунанд.

Баъди баҳсу баррасии зиёд, моҳи август ҳукумати кишвар арзиши маблағи пардохт барои хидмати алтернативӣ (ҷойгузин) дар артиши кишварро муқаррар намуд. Ин маблағ ба 420 нишондиҳанда барои ҳисоб баробар аст. Як нишондиҳанда барои ҳисоб айни замон 64 сомониро ташкил медиҳад.

Акнун хоҳишмандон метавонанд муҳлати ду соли маъмулӣ дар артиш хидмат накарда, ба ивази он дар муддати 1 моҳ дар ҷамъомади ҳарбӣ иштирок кунанд. Барои ин дар соли 2022 ба давлат 26,8 ҳазор сомонӣ малағ пардохт кардан лозим аст.

Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.