Вазорати хориҷа аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Укроин хост бе зарурат аз макони зист берун нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар қаламрави Укроин қарор доранд, муроҷиат намуда, аз онҳо даъват кард, ки дастурҳои ҷоригардидаи ситодҳои фавриро риоя намоянд ва ботаҳаммул бошанду то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд. "Бинобар аз ҷониби мақомоти Укроин аз 24 феврали соли 2022 ҷорӣ шудани ҳолати ҳарбӣ дар тамоми ҳудуди кишвар, Вазорати корҳои хориҷӣ […]

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар қаламрави Укроин қарор доранд, муроҷиат намуда, аз онҳо даъват кард, ки дастурҳои ҷоригардидаи ситодҳои фавриро риоя намоянд ва ботаҳаммул бошанду то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд.

"Бинобар аз ҷониби мақомоти Укроин аз 24 феврали соли 2022 ҷорӣ шудани ҳолати ҳарбӣ дар тамоми ҳудуди кишвар, Вазорати корҳои хориҷӣ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Укроин қарор доранд, хоҳиш менамояд, ки дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ситодҳои фавриро қатъиян риоя намоянд, ботаҳаммул бошанд ва то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд”, – гуфта мешавад дар сомонаи ин ниҳод.

Зикр мегардад, ки дар сурати пайдо шудани мушкилот дар қаламрави Укроин шаҳрвандони мо метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Укроин аз рӯи хатти алоқаи доимии рақами +380933361040 муроҷиат кунанд.

Дар ВКХ Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки шумори шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар ва дар кадом шаҳрҳо қарор доштани онҳоро дақиқ мекунанд.

“Азия-Плюс” бо сафири Тоҷикистон дар Укроин Давлат Назрӣ дар тамос шуд, то ки дар бораи тақдири минбаъдаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Киев ва дигар шаҳрҳои ин кишвар зиндагӣ мекунанд, маълумот дастрас кунад. Аммо ӯ ваъда дод, ки каме дертар дар бораи шаҳрвандони мо ва вазъи онҳо айни замон дар Укроин ҳамаи маълумотро пешниҳод мекунад.

Президенти Русия Владимир Путин субҳи рӯзи панҷшанбе дар муроҷиат ба шаҳрвандони кишвараш эълон кард, ки дар бораи баргузории амалиёти махсуси низомӣ дар Донбасс тасмим гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, қаблан Вазорати мудофиаи Русия изҳор дошт, ки ба шаҳрҳои Укроин зарба намезанад ва ба аҳолӣ чизе таҳдид намекунад.

Президенти Украина Владимир Зеленский дар саросари кишвар ҳолати ҳарбӣ эълон кард. ВКД Украина аз шаҳрвандон даъват намуд, ки манзилашонро тарк накунанд. Дар ҳарими ҳавоии Укрроин парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар маҳдуд карда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.