Дар соли 2021 операторони алоқаи Тоҷикистон 265 млн доллар кор карданд

Даромади операторони хусусии алоқаи Тоҷикистон дар соли гузашта ҳудуди 2 млрд 983 млн сомонӣ (265 млн доллар)-ро ташкил дод. Ин нишондиҳанда 16,7% ё худ 432 млн сомонӣ (38 млн доллар) зиёдтар нисбат ба даромади онҳо дар соли 2020 аст, хабар медиҳад Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон. Дар ҳамин ҳол, даромади воҳидҳои оператори миллии алоқаи “Тоҷиктелеком”, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Даромади операторони хусусии алоқаи Тоҷикистон дар соли гузашта ҳудуди 2 млрд 983 млн сомонӣ (265 млн доллар)-ро ташкил дод.

Ин нишондиҳанда 16,7% ё худ 432 млн сомонӣ (38 млн доллар) зиёдтар нисбат ба даромади онҳо дар соли 2020 аст, хабар медиҳад Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, даромади воҳидҳои оператори миллии алоқаи “Тоҷиктелеком”, КВД “Почтаи Тоҷик” ва воҳидҳои сохтории Хадамоти алоқа баръакс, ба миқдори 6,4% кам шудаанд: аз 180 млн сомонӣ дар соли 2020 то ба 168 млн сомонӣ дар соли 2021.

Вазни қиёсии операторони хусусӣ дар бозори алоқаи ҷумҳурӣ дар соли гузашта аз 93,4% дар соли 2020 то ба 94,7% дар соли 2021 зиёд шуд.

Шумори корбарони интернет то аввали соли гузашта ба ҳудуди 3,5 млн нафар (3,3 млн нафар дар ҳамин давраи соли 2021) расида, теъдоди муштариёни алоқаи мобилӣ баръакс қариб 500 ҳазор нафар кам ва 5,5 млн нафарро ташкил додааст.

Айни замон дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон ширкатҳои зерин мавқеи асосӣ доранд: ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Tcell), ҶСП «ТТ-Мобайл» (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» (ZetMobile, собиқ Beeline).

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.