Дар Укроин вазъи низомӣ эълон карда шуд

Дар пайи эъломи амалиёти вижа аз сӯйи Русия дар минтақаи Донбас дар шарқи Укроин, Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Укроин хитоб ба шаҳрвандони кишвараш гуфт, ки вазъияти низомӣ дар саросари Укроин ҷорӣ мешавад. Ӯ дар наворе, ки дар сафҳаи фейсбукияш нашр кард, гуфт, ки дар пайи эъломи Путин, Русия ба зерсохторҳои низомӣ ва нерӯҳои марзии Укроин ҳамла кардааст. […]

Дар пайи эъломи амалиёти вижа аз сӯйи Русия дар минтақаи Донбас дар шарқи Укроин, Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Укроин хитоб ба шаҳрвандони кишвараш гуфт, ки вазъияти низомӣ дар саросари Укроин ҷорӣ мешавад.

Ӯ дар наворе, ки дар сафҳаи фейсбукияш нашр кард, гуфт, ки дар пайи эъломи Путин, Русия ба зерсохторҳои низомӣ ва нерӯҳои марзии Укроин ҳамла кардааст.

Ба гуфтаи раисҷумҳури Укроин дар бисёре аз шаҳрҳои ин кишвар садои таркиш шунида шудааст.

Зеленский афзуд: "Мо дар тамоми минтақаҳои кишварамон вазъияти низомӣ ҷорӣ мекунем. Чанде пеш бо раисҷумҳур Байден суҳбат кардам. Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли ҳозир ба омода кардани кумакҳои байналмилалӣ оғоз кардааст. Ҳаддалимкон дар хона бимонед, мо кор мекунем артиш кор мекунад, кулли бахши амниятии Укроин кор мекунад".

Чанде пеш Вазорати дифои Русия ба хабаргузории РИА Новости гуфта буд, ки инфрасохторҳои низомӣ, иншооти дифоъи ҳавоӣ, фурудгоҳҳои низомӣ ва ҳавонавардии артиши Укроин аз силоҳҳои дақиқи баланд корношоям шудаанд.

Ҳамлаи Русия ба Укроин аз ҷониби бисёр кишварҳо ба вокунишҳои сахте дучор шуд. Аз ҷумла Борис Ҷонсон, сарвазири Бритониёи Кабир пас аз сӯҳбат бо Зеленский гуфт, ки Бритониё ва муттаҳидонаш ба иқдомҳои Русия "қотеъона посух хоҳад дод".

Ҳамчунин Ҷо Байден гуфт, ки Амрико, муттаҳидон ва шарикон имрӯз алайҳи Русия таҳримҳои сахте ҷорӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.