Боздошти қаллоб. “Тойота” ва “Лексус”-ро гирифта, пулашро надодааст

Як ҷавони 29 – солаи пойтахт бо гумони қаллобӣ ва пардохт накардани маблағи се автомошина боздошт шудааст, хабар медиҳад сомонаи расмии ВКД. Бинобар навиштаи сомонаи ВКД ин ҷавон се автомашинаи тамғаи “Тойота-Бокс”, “Тойота-Камри” ва “Лексус RX” – ро нархгузорӣ карда, маблағашро то ба ҳол ба соҳибони автомашина барнагардонидааст. Зикр карда мешавад, ки ҷавони боздоштгардида “Тойота-Камри”-ро […]

Як ҷавони 29 – солаи пойтахт бо гумони қаллобӣ ва пардохт накардани маблағи се автомошина боздошт шудааст, хабар медиҳад сомонаи расмии ВКД.

Бинобар навиштаи сомонаи ВКД ин ҷавон се автомашинаи тамғаи “Тойота-Бокс”, “Тойота-Камри” ва “Лексус RX” – ро нархгузорӣ карда, маблағашро то ба ҳол ба соҳибони автомашина барнагардонидааст.

Зикр карда мешавад, ки ҷавони боздоштгардида “Тойота-Камри”-ро 265 ҳазор сомонӣ, “Лексус RX”-ро 100 ҳазор сомонӣ ва “Тойота-Бокс”-ро 90 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ намуда, воситаи нақлиётро гирифтааст, аммо маблағи муқарраргардидаро ба соҳибони автомашина напардохтааст.

“Ҳамзамон, ин сокини пойтахт 1-адад автомашинаи тамғаи “Тойота-Авесто”-ро ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ фурӯхта, то ҳол ҳуҷҷатҳои автомашинаро ба нафари автомашинро харида надодааст”, – менависад манбаъ.

ВКД аз гумонбар ва ҷабрдидагон ном намебарад.

Айни ҳол аз рӯи ин ҳодиса вазорат тафтишот мебарад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.