Ҳарифи “Уқоби тоҷик” дар рақобат барои дарёфти қарордод бо UFC маълум шуд

Нурулло Алиев, размикори тоҷики ММА дар қувваозмоӣ барои дарёфти қарордоди имконпазир бо UFC бо варзишгари арманӣ дар вазни сабук Наир Меликян рақобат хоҳад кард. Қувваозмоии даври интихобии мусобиқаи Dana White's Contender Series рӯзи 20 сентябр дар толори «UFC Apex»-и Лас-Вегас баргузор мешавад. Қувваозмоии охирини худро Алиев моҳи сентябри соли 2021 дар мусобиқаи Fight Nights & […]

Нурулло Алиев, размикори тоҷики ММА дар қувваозмоӣ барои дарёфти қарордоди имконпазир бо UFC бо варзишгари арманӣ дар вазни сабук Наир Меликян рақобат хоҳад кард.

Қувваозмоии даври интихобии мусобиқаи Dana White's Contender Series рӯзи 20 сентябр дар толори «UFC Apex»-и Лас-Вегас баргузор мешавад.

Қувваозмоии охирини худро Алиев моҳи сентябри соли 2021 дар мусобиқаи Fight Nights & Eagle FC гузаронида, бо қарори якдилонаи доварон ӯ бар намояндаи Русия Кирилл Крюков дастболо шуд. Ӯ шаш ғалаба ба даст оварда, дар ягон қувваозмоӣ шикаст нахӯрдааст.

Наир Меликян моҳи майи соли 2022 дар мусобиқаи Armenia MMA Federation – Armenian Championship 2022 дар раунди дуюм бо нокаут Гамлет Степанянро мағлуб кард.

Размикори муҳорибаҳои омехта Нурулло Алиев аввалин намояндаи Тоҷикистон дар Лигаи UFC шуда метавонад. Қаблан дар ин бора дар саҳифааш дар Instagram худи размикор хабар дода буд.

“20 сентябр иншоаалоҳ дар UFC размикори мо ҳам пайдо мешавад”,- навишта буд вай. Дар идома размикори тоҷик, ки ӯро “Уқоби тоҷик” низ мегӯянд, ба президенти амалкунандаи Ultimate Fighting Championship (UFC) Дана Уайт изҳори миннатдорӣ карда буд: “Дана ташаккур, ки ба ваъдаатон вафо карда, ба ман ҷиҳати рақобат барои қарордод бо UFC имкон додед”.

Ғайр аз ин, пас аз танаффуси тӯлонӣ дигар размикорони маъруфи тоҷик низ ба октагон (майдон) бармегарданд. Рӯзи 14 октябр дар Дакотаи Ҷанубӣ Муин Ғафуров барои дарёфти камарбанди лигаи LFA («Legacy Fighting Alliance») бо варзишгари Бразилия Диего Силва рақобат мекунад.

Рӯзи 29 октябр дар мусобиқаи Bellator дар шаҳри Милани Италия Шараф Давлатмуродов дар толори «Allianz Cloud» қувваозмоӣ мекунад.

Айни замон ташкилкунандагон барои размикори тоҷик дар вазни миёнаи сабук рақиб меҷӯянд ва ояндаи наздик ҳарифи ӯ маълум мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.