Дар Тула 3 муҳоҷир барои лату кӯби кормандони пулис ҷазо мегиранд

Прокуратураи ноҳияи Заречйеи шаҳри Тулаи Русия хулосаҳои айбномаро оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати 3 муҳоҷир, ки ба лату кӯби кормандони пулис айбдор карда мешаванд, тасдиқ намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти прокуратура хабар медиҳад. “Онҳо ба содир намудани ҷинояти дар қисми 1, моддаи 318 Кодекси ҷиноятии Русия пешбиншуда (истифодаи зӯроварӣ нисбати намояндаи ҳокимият) гумонбар дониста […]

Прокуратураи ноҳияи Заречйеи шаҳри Тулаи Русия хулосаҳои айбномаро оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати 3 муҳоҷир, ки ба лату кӯби кормандони пулис айбдор карда мешаванд, тасдиқ намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти прокуратура хабар медиҳад.

“Онҳо ба содир намудани ҷинояти дар қисми 1, моддаи 318 Кодекси ҷиноятии Русия пешбиншуда (истифодаи зӯроварӣ нисбати намояндаи ҳокимият) гумонбар дониста мешаванд”, – омадааст дар хабар.

Тибқи фарзияи тафтишот, шоми рӯзи 22 июл онҳо дар шаҳраки Октябрск дар ҳолати мастӣ қарор дошта, баъди эроди кормандони пулис дар мавриди риоя накардани тартиботи ҷамъиятӣ, бо мушту лагад ба онҳо дарафтодаанд, ки дар натиҷа кормандони пулис осеби ҷисмонӣ бардоштаанд.

Парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат 3 муҳоҷир ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноҳия фиристода шудаанд.

Аз дигар ҷузъиёти қазия хабар дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, чанде аз ВАО-и Русия зикр мекунанд, ки айбдоршавандагон – 2 шаҳрванди Ӯзбекистон ва 1 шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд.

Тасдиқи хабари ВАО дар сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳоло муяясар нашуд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи август 2 нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои лату кӯби кормандони пулис дар Маскав ба муҳлати 3,5 ва 2,5 соли зиндон маҳкум шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.