Барои рушди бахши роҳи оҳани Тоҷикистон 7,5 млрд доллар маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим изҳор дошт, ки нақлиёти роҳи оҳан аз муҳимтарин соҳаи стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Зимни суханронӣ дар иҷлосияи «Рушди долонҳои байналмилалии нақлиётии мултимодалӣ, ки аз қаламрави кишварҳои Осиё ва Шарқи Наздик мегузаранд» дар доираи Форуми XV байналмилалии иқтисодии «Русия – ҷаҳони ислом: KazanForum 2024» дар шаҳри Қазони Русия вазир зикр кард, ки нақлиёти байнулмилалӣ “дар қонеъ сохтани талаботи иқтисодиёт ва аҳолии мамлакат ба ҳамлу нақли бору мусофирон нақши муҳим дорад”.

Ӯ таъкид дошт, ки 70% борҳои воридотӣ  ва содиротии мамлакат маҳз тавассути нақлиёти роҳи оҳан интиқол дода мешавад.

Ба гуфтаи вазир, дар соҳаи роҳи оҳан айни замон беш аз 10 лоиҳаи муҳими рушд ба маблағи умумии ҳудуди 7,5 млрд доллар таҳия шудааст.

Азим Иброҳим ҳамчунин хабар дод, ки феълан дар ҷумҳурӣ 10 долони афзалиятноки савдо ва транзит муайян карда шудааст, ки  қаламрави ҷумҳурии моро аз шарқ ба ғарб ва аз шимол ба ҷануб убур мекунанд.

“Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди долонҳои мултимодалии иқтисодӣ ва нақлиётии Тоҷикистон, ки кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқиро бо мамолики Осиёи Марказӣ, Русия, Эрон, Туркия ва давлатҳои Аврупо мепайвандад ва ба бандарҳои баҳрӣ роҳ мекушояд, таваҷҷуҳи махсус медиҳад”, – иброз дошт вазир.

Зикр шуд, ки ҷиҳати истифодаи самараноки долони «Тоҷикистон – Узбекистон –Туркманистон – Эрон–Туркия», ки бартарии он таъмини кӯтоҳтарин хатсайр аз сарҳади Чин тавассути қаламрави Тоҷикистон ва кишварҳои номбурда мебошад ва ба ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат мекунад, корҳо фаъолона идома доранд.

Ӯ шарҳ дод, ки ин гузаргоҳи байналмилалии мултимодалӣ Чинро бо кишварҳои  масири “Шимол – Ҷануб”, яъне уқёнуси Ҳинд ва халиҷи Форсро бо баҳри Хазар тавассути Эрон мепайвандад.

Азим Иброҳим таъкид дошт, ки масири “Шимол-Ҷануб” рушди ҳамлу нақли муназзам, саривақтӣ ва самарабахши молҳоро дар байни кишварҳои минтақа таъмин месозад.

“Тоҷикистон, ки аҳамияти ин хатсайрро дарк кардааст, соли 2004 тасмим гирифт, ки ба он ҳамроҳ мешавад”, – гуфт вазир.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...