Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?

Соли равон дар кишвар ба маблағи 3 млрд сомонӣ сохтмони 300 километр роҳҳои мошингарди таъиноти байнулмилалӣ ва ҷумҳурӣ оғоз мешавад. Дар ин бора рӯзи 16-уми декабри соли гузашта зимни ироаи паём ба парлумон президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон хабар дод. Соли 2026 дар Тоҷикистон роҳҳои зерин сохта мешаванд: Ваҳдат – Обигарм – 70 км Гулистон – Кӯлоб […]

Asia-Plus

Соли равон дар кишвар ба маблағи 3 млрд сомонӣ сохтмони 300 километр роҳҳои мошингарди таъиноти байнулмилалӣ ва ҷумҳурӣ оғоз мешавад. Дар ин бора рӯзи 16-уми декабри соли гузашта зимни ироаи паём ба парлумон президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон хабар дод.

Соли 2026 дар Тоҷикистон роҳҳои зерин сохта мешаванд:

Ваҳдат – Обигарм – 70 км

Гулистон – Кӯлоб – 33 км

Хоруғ – Роштқалъа – 39 км

Мурғоб – Кулма – 67 км

Балҷувон – Сарихосор  – 55 км

Хистеварз – Конибодом – 10 км

Роҳҳои убуркунандаи шаҳри Кӯлоб – 11 км

Дар роҳи Лабиҷар – Сангвор 5 пули мошингузар сохта мешаванд, ки ба қатори ҳамин лоиҳаҳои сохтмон шомиланд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати ҷумҳурӣ дастур дод, ки оид ба таъмиру навсозӣ ва “ба шароити муосири хидматрасонӣ” мутобиқ гардонидани фурудгоҳҳои Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб тадбирҳои зарурӣ андешанд.

“Моро лозим аст, ки фурудгоҳҳоро ба талаботи замона мутобиқ созем”, – гуфт ӯ аз ҷумла.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.