Насрулло Маҳмудзода котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъин шуд

Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар мақомоти Прокуратураи генералӣ, Шӯрои амният, Вазорати мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, сохторҳои Вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳал таъин шуданд, мулоқот кард. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои президенти Тоҷикистон Маҳмадалӣ […]

Asia-Plus

Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар мақомоти Прокуратураи генералӣ, Шӯрои амният, Вазорати мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, сохторҳои Вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳал таъин шуданд, мулоқот кард.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои президенти Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон озод гардида, Насрулло Маҳмудзода, ки то имрӯз дар вазифаи прокурори вилояти Хатлон фаъолият дошт, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъин гардид.

Раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мурзабай Чошбаев бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан аз вазифа озод ва муовини раиси ҳамин ноҳия Ҳусния Раҷабзода раиси ноҳияи Мурғоб таъин шуд. Ҳамзамон Мурзамат Абдулқаюм дар мувофиқа бо раисҷумҳур муовини Раиси ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид.

Шоҳин Саидзода директори Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти ҶТ ва Файзалӣ Идизода сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ таъин шуданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати ҶТ Абдураҳмон Абдураҳмонзода муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Хисрав Бобозода – муовини вазири мудофиа, Тоҳир Хоҷазода ректори Донишгоҳи славянии Русия-Тоҷикистон, Ҳафиз Азиззода – сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва Умеда Абдуллозода муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ таъин шуданд.

Дар мувофиқа бо раисҷумҳур прокуророни вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорати мудофиа, сардорони раёсатҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилояти Суғд ва роҳбарони якчанд сохторҳои дастгоҳи марказии Агентии мазкур аз ҳисоби ҷавонон таъин шуданд.

Сарвари давлат зимни суҳбат кадрҳои ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъиншударо ба хизмати содиқона ба нафъи халқу Ватан ва давлати Тоҷикистон даъват намуда, таъкид кард, ки ҳар як хизматчии давлатӣ ва низомӣ бояд аз ҳарвақта дида ҷиддитару бомасъулият ба кор муносибат кунад, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва уҳдадориҳои ҳарбӣ нисбат ба зердастон серталаб бошад.

“Вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар робита ба он, ки ҳар рӯз таҳдиду хатарҳои гуногун, аз қабили экстремизм, терроризми байналмилалӣ ва дар шаклу усулҳои гуногун зуҳур кардани амалҳои зиддиинсонӣ, зиддибашарӣ ва халалдоркунандаи амнияту суботи мардум аз ҳар як фарди худхоҳу худшинос ҳушёриву зиракӣ ва самимияту садоқати бемисл ба Модар-Ватан, сарзамини муқаддаси Тоҷикистон ва мардуми шарифи он талаб карда мешавад”, – иброз дошт раисҷумҳур дар анҷоми мулоқот.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.