Ошиқон барои куштани соҳиби хона ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум шуданд

Сокинони пойтахт Мирзоҳотам Зайнутдинов ва Бибихоҷар Хуҷамқулова моҳи авгуусти соли 2019 шинос шуда, барои вохӯриҳо мунтазам ҳуҷраеро аз хонаи шаҳрванд Дмитрий Дронов дар кӯчаи Севастополская бо маблағи ҷудогона иҷора гирифтаанд. Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, моҳи сентябри соли гузашта пас аз истеъмоли машрубот дар ин хона Дронов ба зан таклифи алоқаи ҷинсӣ […]

Аваз Юлдашев, Asia-Plus

Сокинони пойтахт Мирзоҳотам Зайнутдинов ва Бибихоҷар Хуҷамқулова моҳи авгуусти соли 2019 шинос шуда, барои вохӯриҳо мунтазам ҳуҷраеро аз хонаи шаҳрванд Дмитрий Дронов дар кӯчаи Севастополская бо маблағи ҷудогона иҷора гирифтаанд.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, моҳи сентябри соли гузашта пас аз истеъмоли машрубот дар ин хона Дронов ба зан таклифи алоқаи ҷинсӣ карда, бо гирифтани ҷавоби рад охиронро дашномҳои қабеҳ додааст.

“Зайнутдинов ин ҳолатро дида, аз ҳиссиёти рашк бо мушт ба рӯйи Дронов зарбаи сахт мезанад, ки охирон ҷароҳат бардошта, ба замин меафтад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, сипас онҳо дасту пойҳои Дроновро бо банд баста, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум кардан ба воситаи болишт роҳи нафаси ӯро муддати 10 дақиқа маҳкам карда, ба қатл мерасонанд. Сипас аз дохили манзили истиқоматӣ молу ашёи гуногунро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

Ба иттилои манбаъ, онҳо бо ҳукми суди шаҳри Душанбе гунаҳкор дониста шуда, Мирзоҳотам Зайнутдинов ба муҳлати 20 сол ва Бибихоҷар Хуҷамқулова ба муҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.