Идомаи муноқишаи марзӣ. Боз як сарбози тоҷик кушта шуд

Бар асари тирпарроние, ки субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, дар чанд мавзеи марзии Тоҷикистону Қирғизистон, оғоз гардид, як сарбози тоҷик кушта ва чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфтанд, миёни аҳолии осоишта низ ҷароҳатбардоштагон ҳастанд. Дар ҳамин ҳол, расонаҳои қирғизиӣ бо такя ба Вазорати тандурустии ин кишвар хабар […]

Бар асари тирпарроние, ки субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, дар чанд мавзеи марзии Тоҷикистону Қирғизистон, оғоз гардид, як сарбози тоҷик кушта ва чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфтанд, миёни аҳолии осоишта низ ҷароҳатбардоштагон ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои қирғизиӣ бо такя ба Вазорати тандурустии ин кишвар хабар медиҳанд, ки дар пайи тирпаронии имрӯза 11 низомии қирғиз ҷароҳат бардоштанд.

Расонаҳои Қирғизистон бо такя ба КДАМ ин кишвар аз баргузории эҳтимолии гуфтушунидҳо байни раисони вилоятҳои Ботканту Суғд хабар медиҳанд.

Ҳамзамон, як манбаъ аз ВКХ ба “Asia-Plus” гуфт, ки чанде пештар вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ҳамтои қирғизаш Жээнбек Кулубаев дар сӯҳбати телефонӣ вазъ дар марзро баррасӣ карданд.

Дар хусуси муҳтавои ин суҳбат ҳоло тафсилоти бештар дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “24kg” менависад, ки ҷониби Қирғизистон бори дигар зарурати ҳалли мушкилоти марзӣ бо роҳи сиёсӣ-дипломатиро таъкид намудааст.

Пас аз суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии ду кишвар, Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар робита ба даргирии имрӯза дар сарҳади ду кишвар ба ҷониби Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супоридааст.

Ҳамчунин, расонаҳои қирғиз бо такя ба КДАМ-и Қирғизистон хабар медиҳанд, ки чанде пештар роҳбарони Қӯшунҳои сарҳадии ду кишвар Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Уларбек Шаршеев бо мақсади қатъи оташ ва роҳ надодан ба доман паҳн кардани даргирӣ, суҳбати телефонӣ анҷом додаанд.

Ҷонибҳо тавофуқ ҳосил кардаанд, ки шурӯъ аз соати 10:00 оташбас эълон карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, якбора дар чанд минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон даргирии нав рух дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.