ВКХ Тоҷикистон аз ҳалокати 28 нафар дар муноқишаҳои марзӣ бо Қирғизистон хабар дод

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз ҷузъиёти муноқишаву задухӯрд ва шумори ҳалокшудагон бар асари ҳамлаи низомиёни қирғиз хабар дод. Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ аз ҳалокати 28 нафар хабар медиҳад: – 14 сентябр  дар натиҷаи амалҳои душманона, аз ҷумла тирборон кардани мавқеи посгоҳи «Кех»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ бо истифода аз миномёт, пулемёт […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз ҷузъиёти муноқишаву задухӯрд ва шумори ҳалокшудагон бар асари ҳамлаи низомиёни қирғиз хабар дод.

Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ аз ҳалокати 28 нафар хабар медиҳад:

– 14 сентябр  дар натиҷаи амалҳои душманона, аз ҷумла тирборон кардани мавқеи посгоҳи «Кех»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ бо истифода аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон 2 нафар хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон ҳалок гардиданд;

– 16 сентябр низомиёни қирғиз ба хонаи шаҳрванди Тоҷикистон дар қаламрави деҳаи Боғдории ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара даромада, соҳиби хона – зани калонсолро бо бераҳмии махсус куштанд;

– 16 сентябр бар асари тирпаронии низомиёни қирғиз дар ҷамоати Чоркӯҳ 5 аъзои як хонавода, аз ҷумла духтарчаи 6-сола, писарчаи 5-сола ва зани дар моҳи 8-уми ҳомиладорӣ қарордошта ҳалок шуданд;

– 16 сентябр дар натиҷаи тирпаронӣ аз миномёт аз ҷониби Қирғизистон ба маҳаллаи аҳолинишини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 2 зани калонсоли шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд;

– 16 сентябр дар натиҷаи зарбаи ҳавопаймои бесарнишин (БПЛА)-и Қирғизистон ба бинои мактаби №8 дар ҷамоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – аҳолии осоишта ҳалок шуданд;

– 16 сентябр бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишин (БПЛА)-и Қирғизистон ба масҷид дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 12 шаҳрванди осоиштаи Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Дар ҳамин ҳол, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳалокати беш аз 60 нафар сокини Тоҷикистон дар муноқишаи марзӣ хабар дода, пешниҳод кард, ки ба хотири гиромидошти хотираи қурбониёни низои охири марзӣ, 20-уми сентябр дар ҷумҳурӣ рӯзи мотами миллӣ эълон карда шавад.

Қирғизистон аз ҳалокати 46 нафар дар ҷараёни муноқишаҳо дар сарҳад бо Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.