“Ин амали таҷовузкорона аст”. ВКХ ҷузъиёти ҳамлаи низомиёни Қирғизистон ба Тоҷикистонро шарҳ дод

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавриди ҳамлаҳои низомиёни қирғиз ба маҳаллаҳои аҳолинишин, мактаб ва дигар иншооти зерсохтори Тоҷикистон изҳорот нашр намуда, онро амалиёти таҷовузкорона номид. Ҷузъиёти муҳимтарин аз изҳороти ВКХ Тоҷикистон, ки дар сомонаи АМИТ “Ховар” нашр шудааст: – Тирборон кардани мавқеи посгоҳи «Кех»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ рӯзи 14 сентябр бо истифода аз миномёт, […]

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар мавриди ҳамлаҳои низомиёни қирғиз ба маҳаллаҳои аҳолинишин, мактаб ва дигар иншооти зерсохтори Тоҷикистон изҳорот нашр намуда, онро амалиёти таҷовузкорона номид.

Ҷузъиёти муҳимтарин аз изҳороти ВКХ Тоҷикистон, ки дар сомонаи АМИТ “Ховар” нашр шудааст:

– Тирборон кардани мавқеи посгоҳи «Кех»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ рӯзи 14 сентябр бо истифода аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон, ки амалиёти таҷовузкорона мебошад. Дар натиҷа ду нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ ҳалок гардиданд.

– Худи ҳамон рӯз, тахминан соати 14:10, баъди эълони оташбас, низомиёни Қирғизистон бо истифода аз силоҳи гурӯҳӣ ба маҳаллаҳои аҳолинишини Лангар ва Сари Бозор ҳамла карданд. Илова бар ин, ҳангоми тирборон кардани бинои мактаби таҳсилоти умумии рақами 47-и ҷамоати Чоркӯҳ хонандагон ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ ҷароҳат бардоштаанд.

– 16 сентябр дар ҷараёни тирпаронӣ ба деҳаи Чорқишлоқи шаҳри Исфара аз ҷониби ҳарбиёни қирғиз аз техникаи вазнин (БМП, БТР) истифода шуд.

– Соати 06:30-и рӯзи 16 сентябр  низомиёни таъйиноти махсуси Қирғизистон ба ҳудуди деҳаи Боғдории ҷамоати Чилғозии шаҳри Исфара ворид шуда, 16 манзили сокинони маҳаллиро оташ заданд ва дуздиву ғоратгарӣ карданд. Ғайриқонунӣ ба хонаи пиразан даромада, ӯро бо бераҳмии махсус куштанд.

– Низомиёни қирғиз аз пойгоҳи тақсимоти оби “Головная” деҳаи Хоҷаи аълои Тоҷикистонро мавриди тирпаронӣ қарор доданд. Ҳамчунин иншооти инфрасохтори шаҳрвандӣ зери ҳамлаҳои мақсадноки хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон қарор гирифтанд. Хатти интиқоли неруи барқи «Шӯроб» вайрон шуд, пули деҳаи Чорқишлоқ мавриди ҳамла қарор гирифт ва дар маҳаллаҳои аҳолиниши Боғистон ва Лакони шахри Исфара хонаҳои шаҳрвандон ва иншооти ёрирасон ба таври оммавӣ оташ зада шуданд.

– Шурӯъ аз соати 07:30 дақиқа низомиёни қирғиз дар тамоми хати сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон ба оташфишонӣ оғоз намуданд.

Ба ин тариқ, дар ҷараёни оташфишонии густардаи қаламрави Тоҷикистон аз 20 адад техникаи вазнини зиреҳпӯш, аз ҷумла танку БТР ва мошинҳои зиреҳпӯши иқтишофӣ ва посбонӣ истифода шуд.

– 16 сентябр сарфи назар аз созиши оташбас, ки дар сатҳҳои гуногун ҳосил шуд, инчунин итминон додани президенти Қирғизистон Садир Жапаров зимни вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кори нишасти СҲШ дар дар Самарқанд, соати 19:30 низомиёни қирғиз ба сӯи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №225-и ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара дубора оташ кушоданд, ки дар натиҷа ба муассисаи таълимии мазкур зарари калони моддӣ расонида шуд. Ҳамчунин, ҳангоми тирпарронии ҷониби Қирғизистон бинои мактаби таҳсилоти умумии №64-и ҷамоати мазкур пурра сӯхт.

– Дар натиҷаи зарбаи ҳавопаймои бесарнишин (БПЛА)-и Қирғизистон ба бинои мактаби №8 дар ҷамоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 6 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – аҳолии осоишта ҳалок шуданд.

– Бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишин (БПЛА)-и Қирғизистон ба масҷид дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 12 шаҳрванди осоиштаи Тоҷикистон ба ҳалокат расида, зиёда аз 20 нафар аҳолии осоишта, аз ҷумла кӯдаки 7-сола ҷароҳат бардоштанд.

– 17 сентябр соати 11:50 низомиёни қирғиз бо истифода аз низомҳои мушакӣ (РСЗО) деҳаи Тоҷварони ноҳияи Лахшро мавриди тирпаронӣ қарор доданд. Дар давоми рӯз низомиёни Қирғизистон бо истифода аз системаҳои мушакӣ се маротиба ба мавзеъҳои аҳолинишини минтақаи марзии ноҳия ҳамла карда, 3 бинои истиқоматӣ хароб карда шуд ва якчанд шаҳрвандони мулкӣ, аз ҷумла занону кӯдакон ҷароҳат гирифтанд.

Мактаби рақами 15-и деҳаи Тоҷварон мавриди ҳамла қарор гирифта, дар натиҷаи он 3 нафар хонандагон ҷароҳат бардоштаанд.

Қобили зикр аст, ки дар ин минтақа ягон ҳодисаи муноқиша ба қайд гирифта нашудааст ва тамаркузи неруву воситаҳои ҷониби Қирғизистон дар ин минтақа (ноҳияи Лахши Тоҷикистон) бо назардошти мураккабии релеф зиёда аз як ҳафтаро тақозо мекунад.

Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз 28 нафар ҳалокшудагон дар муноқишаҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон хабар дода буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.