Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба даври финалии Ҷоми футболи Осиё-2023 роҳ ёфт

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «I»-и мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2023  байни ҷавонон (U-20) зинаи 1-умро ишғол намуда, ба даври финалии ин мусобиқа роҳ ёфт. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, қисми ниҳоии мусобиқот аз 1 то 18 марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Гуфта мешавад, футболбозони тоҷик дар даври […]

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «I»-и мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2023  байни ҷавонон (U-20) зинаи 1-умро ишғол намуда, ба даври финалии ин мусобиқа роҳ ёфт.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, қисми ниҳоии мусобиқот аз 1 то 18 марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, футболбозони тоҷик дар даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ бар ҳамсолони худ аз Камбоҷа бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои Амадонӣ Камолов ва Бежан Нишонбойзода ба тими мо пирӯзии муҳим оварданд.

Дар ду даври аввал мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бозиро бо тими Сингапур муосивӣ (0:0) анҷом дода, дастаи Лубнонро бо ҳисоби калони 4:0 мағлуб карда буданд.

Ёдрас мекунем, ки ҳамаи бозиҳои мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё (U-20) дар гурӯҳи «I» дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.