Таътили тирамоҳии толибилмон бекор шуд

Вазорати маориф, ки ҳанӯз чанде пештар истироҳат барои толибилмон аз 1 то 8-уми ноябрро ваъда карда буд, имрӯз тасмим гирифт, ки таътили тирамоҳӣ барои хонандагони макотиби таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла барои хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бекор намояд. Дар Вазорати маорифи ҷумҳурӣ сабаби чунин тасмимро ба зимистони сарди оянда нисбат медиҳанд. Интизорӣ меравад, ки аз ҳисоби […]

Маҳпора Киромова


Вазорати маориф, ки ҳанӯз чанде пештар истироҳат барои толибилмон аз 1 то 8-уми ноябрро ваъда карда буд, имрӯз тасмим гирифт, ки таътили тирамоҳӣ барои хонандагони макотиби таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла барои хонандагони синфҳои ибтидоиро низ бекор намояд.

Дар Вазорати маорифи ҷумҳурӣ сабаби чунин тасмимро ба зимистони сарди оянда нисбат медиҳанд. Интизорӣ меравад, ки аз ҳисоби таътили тирамоҳӣ таътили зимистона ба муддати як ҳафта дароз карда мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати маълумоти томактабӣ ва маълумоти миёнаи Вазорати маорифи ҶТ Абдусамад Муллоев хабар дод, вазорат огоҳ шудааст, зимистони имсола сард хоҳад шуд. «Дар робита ба ин, тасмим гирифта шуд, ки таътили тирамоҳӣ бекор ва таътили зимистона, ки аз 1-уми январ оғоз мегардад, дарозтар карда шавад», – иброз дошт Муллоев.

Номбурда афзуд, аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба вазорат супориш дода шудааст, ки таътили тирамоҳии толибилмон бекор карда шавад, «вазорат бошад, танҳо мақомоти иҷроия аст».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.