Намояндаи СҶТ: “Сирояти COVID-19 дар Тоҷикистон ҳанӯз ба мушоҳида мерасад”

“Тайи се ҳафтаи охир гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш ва ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз СOVID-19 каме зиёд шудааст”, – изҳор доштааст дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ намояндаи доимии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева. Ба саволи Радиои Озодӣ дар мавриди ба оғози соли нави хониш рабт доштани ин ҳолат ӯ чунин посух додааст: “Масъалаи […]

Asia-Plus

“Тайи се ҳафтаи охир гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш ва ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ аз СOVID-19 каме зиёд шудааст”, – изҳор доштааст дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ намояндаи доимии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева.

Ба саволи Радиои Озодӣ дар мавриди ба оғози соли нави хониш рабт доштани ин ҳолат ӯ чунин посух додааст:

“Масъалаи аслӣ қарори боз кардани мактабҳо ё накардани онҳо нест, балки масъалаи чӣ гуна таъмин кардани бехатарӣ ва эминӣ дар мактабҳо аст. Яъне, таъмини дарку огаҳӣ аз хатарҳо ба сиҳати омма ва на фақат барои кӯдакон, балки хатар барои онҳое, ки бо кӯдакон дар иртибот ҳастанд ва ҳам дарки хатарҳо аз афзоиши вирус дар байни мардум. Мактабҳо набояд мисли як макони ҷудогона, балки як бахши умумии ҷомеа баррасӣ шаванд ва барои ҳамин хатари сироят дар мактабҳоро бояд дар миқёси васеъ шарҳ дод. Дар се ҳафтаи гузашта, мавридҳои илтиҳоби шуш ва мавридҳои собитшудаи COVID-19 андак зиёд шудааст.

Ҳамроҳ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ системаи мудирияти назорат бар COVID-19 роҳандозӣ шудааст. Мутобиқ ба он мутахассисони баргузидаи фаннии дохилӣ вазъи мавҷуди COVID-19 дар кишварро назорат мекунанд”.

Ӯ қайд кардааст, ки уарор дар бораи эмин боз кардани мактабҳоро мақомоти маҳаллӣ қабул карда, онҳо бояд меъёрҳои дохилӣ ва дигар дастуруламалҳоро дар бораи сиҳатии омма бо назардошти COVID-19 ба инобат бигиранд ва СҶТ омода аст, ки ба мақомот дар мутобиқ кардани меъёрҳо ба вазъи хос дар Тоҷикистон кумак расонад.

Ба қавли Бахтигул Карриева, арзёбиҳо дар бораи озмоишгоҳҳои мавҷуди ташхиси COVID-19 ва ҳамчунин озмоишгоҳҳои эҳтимолии нав дар кишвар анҷом шуда, системаҳои озмоишии COVID-19 ва таҷҳизот аз тарафи ҳукумат, донорҳо ва шарикон тақсим карда шуданд, лекин бинобар норасоии маводи лабораторӣ, ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон низ бо мушкили камбуди ин мавод рӯ ба рӯ ҳастанд.

Намояндаи доимии СҶТ изҳор доштааст, ки ҳамагуна тасмим барои баргузории маъракаи оммавии барномарезишуда, масалан интихобот бояд дар асоси арзёбии дақиқи хатарҳои мавҷуд ва тарзи мудирияти онҳо сурат гирад.

“Дар ин арзёбӣ бояд ҳама ҷонибҳои манфиатдор ва созмондиҳандагони маърака, аз ҷумла мақомоти тандурустӣ иштирок кунанд. Онҳо метавонанд хуб ташхис диҳанд, ки мизони “стресс” ба низоми тандурустии маҳаллӣ ва хадамоти ёрии таъҷилӣ чӣ гуна аст. Ва инки оё ин сатҳи “стресс” дар вазъияти ҳозира қобили қабул аст, ё не”, – иброз доштааст ӯ.

Карриева гуфтааст, мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, интихоботро баргузор кунанд ва бисёр муҳим аст, ки шустани дастон ва риояи фосилаи ҷисмонӣ, инчунин истифода аз ниқоби тиббӣ таблиғ шавад.

Ба гуфтаи номбурда, сирояти COVID-19 ҳанӯз дар кишвар иттифоқ меуфтад ва идомаи чораҳо барои пешгирӣ аз густариши бемории ҳамагир муҳим аст.

“Бино ба омори COVID-19, ки ба СҶТ гузориш шудаст, Тоҷикистон дар моҳи май аз афзоиши қобили таваҷҷуҳи сирояти беморӣ хабар додааст. Ин омор баъдан аз моҳи июн кам шудааст. Бо ин вуҷуд, Тоҷикистон дар моҳи гузашта рӯзона дар бораи 30-40 мавриди сирояти беморӣ гузориш додааст. Сирояти COVID-19 ҳанӯз дар кишвар иттифоқ меуфтад ва идомаи чораҳо барои пешгирӣ аз густариши бемории ҳамагир муҳим аст, то аз шахсони осебпазир ва низоми беҳдоштӣ муҳофизат шавад”, – маълумот додааст Карриева.

Тибқи маълумоти омори расмии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ афзоиши начандон зиёди мавридҳои сироятёбӣ аз коронавирус ба мушоҳида мерасад. Агар моҳи август дар як шабонарӯз 30-32 ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта мешуд, пас чанд рӯзи охир ин рақам ба 40-42 ҳолат расидааст.

То шоми 17 сентябр теъдоди умумии сироятёфтагон аз коронавирус 9 ҳазору 214 нафарро ташкил медиҳад. Шабонарӯзи гузашта 43 мавриди нави сироятёбӣ сабт шудааст. Шумори фавтидагон аз ин беморӣ бетағйир – 73 кас боқӣ мемонад. Шумори умумии шифоёфтагон аз оғози пандемия ба 8 ҳазор нафар (то имрӯз 7 ҳазору 988 нафар) наздик мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.