Дар Тоҷикистон боз боришоти зиёди борону барф пешгӯӣ мешавад

Рӯзҳои 28-29 январи соли 2022 дар қаламравӣ ҷумҳурӣ дамои ҳаво поён рафта, борону барф меборад, дар баландкӯҳҳо (болотар аз 2000 м) барфи шадид дар назар дошта шудааст. Аз 29 то 31 январи соли равон дар баъзе ноҳияҳои туман ҳаворо тира мекунад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ. Гуфта мешавад, рӯзҳои 29-31 январ дар баъзе ноҳияҳо тормеғ […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Рӯзҳои 28-29 январи соли 2022 дар қаламравӣ ҷумҳурӣ дамои ҳаво поён рафта, борону барф меборад, дар баландкӯҳҳо (болотар аз 2000 м) барфи шадид дар назар дошта шудааст. Аз 29 то 31 январи соли равон дар баъзе ноҳияҳои туман ҳаворо тира мекунад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, рӯзҳои 29-31 январ дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) фаромада, дар роҳҳои мошингарди Душанбе — Айнӣ — Хуҷанд, Душанбе — Сангвор, Ваҳдат – Рашт –Лахш – Қарамиқ, Ш. Шоҳин – Дарвоз, Ванҷ-  Хоруғ — Ишкошим, Хоруғ— Мурғоб ҳавои сард сабаби яхбандӣ мешавад, лағзиши тарма ва резиши санг низ эҳтимол дорад.

Дар робита ба коҳиши пешбинишудаи ҳарорат ва боришот бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои мавсимии роҳи нафас Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ даъват мекунад, ки мувофиқи мавсим сарулибос пӯшанд, ниқобҳои муҳофизатӣ дошта бошанд ва қоидаҳои санитарию беҳдоштиро риоя намоянд. Волидон ва калонсолон бояд кӯдаконро зери назорат гиранд.

“Барои пешгирии садамаҳо дар роҳҳо аз ронандагон хоҳиш мешавад, ки пеш аз сафар воситаҳои нақлиёти худро омода созанд, чархҳои тобистонаро ба чархҳои зимистона иваз кунанд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Тавсия дода мешавад, ки мошинҳои боркаш занҷирҳои зиддилағзиш дошта бошанд ва ҳангоми ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ ба меъёри суръат ва фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.

Кумита тавсия медиҳад, ки ба чорводорӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир шавад ва ҳангоми чаронидани чорво дар минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ шароит ва вазъи ҳаво ҷиддан ба назар гирифта шавад. 

“Бори дигар аз аҳолӣ даъват менамоем, ки аз сафар ба маҳалҳои тармафароӣ худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд”, – таъкид месозад Кумита.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ё техногенӣ шаҳрвнадон метавонанд ба телефонҳои 112 ё  93 880 28 19 занг зананд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.