Чойхонаи “Роҳат” тахриб намешавад, – Кумитаи меъморӣ ва сохтмон

Бинои асосии чойхонаи “Роҳат” дар шаҳри Душанбе тахриб намешавад, хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯза раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ Муҳаммадсаид Зувайдзода. Ба гуфтаи раиси Кумита, танҳо биноҳои гирду атрофи он ки ба чойхона часпидааст, тахриб мешавад. “Ин биноҳо арзиши таърихиву фарҳангӣ надоранд. Дар ҷойи онҳо бинои нави Вазорати адлия ва гулгашт сохта мешавад”, […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Бинои асосии чойхонаи “Роҳат” дар шаҳри Душанбе тахриб намешавад, хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯза раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ Муҳаммадсаид Зувайдзода.

Ба гуфтаи раиси Кумита, танҳо биноҳои гирду атрофи он ки ба чойхона часпидааст, тахриб мешавад.

“Ин биноҳо арзиши таърихиву фарҳангӣ надоранд. Дар ҷойи онҳо бинои нави Вазорати адлия ва гулгашт сохта мешавад”, – иброз дошт номбурда.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки “дар бораи тахриби бинои Театри ба номи Лоҳутӣ, Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Академияи илмҳо, ки дар кӯчаи марказӣ ҷойгир аст, супориш нашудааст”.

“Аз ин рӯ онҳо тахриб намешаванд”, – изҳор дошт Раиси Кумита.

Баҳсҳои навбатӣ атрофи тахриби чойхонаи “Роҳат” баъди тахриби бинои тарабхона дар шафати он пайдо шуданд.

Масъалаи тахриби биноҳои таърихӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт аз соли 2016 мавриди баҳсу баррасӣ қарор дорад.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ чандин маротиба бо дархости тахриб накардани биноҳои таърихӣ дар Душанбе, аз ҷумла чойхонаи “Роҳат” ба мақомоти марбутаи давлатӣ муроҷиат карданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.