Дар кадом кишвари Осиёи Марказӣ маоши миёнаи номиналӣ аз ҳама зиёдтар аст?

Дар Ӯзбекистон маоши моҳонаи миёнаи номиналӣ қариб аз се як ҳисса зиёд шуд ва ин моро водор намуд, ки ин нишондиҳандаро дар панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди муқоиса қарор диҳем. Давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати моҳонаи миёнаи номиналии пардохтшуда дар Ӯзбекистон 3,72 млн сӯм (335 доллар)-ро ташкил додааст. Дар муқоиса бо ҳамин […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Ӯзбекистон маоши моҳонаи миёнаи номиналӣ қариб аз се як ҳисса зиёд шуд ва ин моро водор намуд, ки ин нишондиҳандаро дар панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди муқоиса қарор диҳем.

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати моҳонаи миёнаи номиналии пардохтшуда дар Ӯзбекистон 3,72 млн сӯм (335 доллар)-ро ташкил додааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 сатҳи афзоиш 24,9%-ро ташкил додааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии омори ин кишвар.

Маоши моҳонаи миёнаи номиналии пардохтшуда (минбаъд – маоши миёна) аз иловапулиҳо, мукофотпулӣ, пардохтҳои ҳавасмандсозӣ, ҷубронпулиҳо ва пардохт барои вақти корнакарда, инчунин ситонидани андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва ҳақмузд ба фонди иттифоқҳои касаба иборат аст.

Барои ҳисоби он Кумитаи давлатии омор маълумот дар бораи зиёда аз 3 млн нафар кормандонро аз соҳаҳои гуногун истифода бурдааст.

…Ҳаҷми маоши миёнаи моҳонаи номиналӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия (маоши воқеӣ бо назардошти таваррум муайян карда мешавад) мунтазам дар ҳоли тағйирёбӣ аст, маълумот оид ба Тоҷикистон – то охири моҳи август, оид ба Ӯзбекистон – то охири моҳи сентябр ва оид ба кишварҳои боқимонда – то охири нимсолаи аввал.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.