Нашри китоби «Ашкҳои зери борон»-и рӯзноманигор Холиқназар Ҷумъаев

Китоби навбатии Холиқназар Ҷумъаев, рӯзноманигори тоҷик таҳти унвони “Ашкҳои зери борон”, ки  ба мавзӯи муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бахшида шудааст, нашр гардид. Саргузаштҳои талху зиндагии тоқатфарсо, иҷрои корҳои вазнину фиребхӯриҳо, ҳабсу бозпурсиҳо, ба доми фиреб афтодану муҷозот шуданҳо, муносибати хушунатомези миллатчиёну скинхедҳо нисбат ба муҳоҷирони тоҷик ва даҳҳо мушкилоти дигаре, ки ҳамсафари ҳамватанони мо […]

Китоби навбатии Холиқназар Ҷумъаев, рӯзноманигори тоҷик таҳти унвони “Ашкҳои зери борон”, ки  ба мавзӯи муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия бахшида шудааст, нашр гардид.

Саргузаштҳои талху зиндагии тоқатфарсо, иҷрои корҳои вазнину фиребхӯриҳо, ҳабсу бозпурсиҳо, ба доми фиреб афтодану муҷозот шуданҳо, муносибати хушунатомези миллатчиёну скинхедҳо нисбат ба муҳоҷирони тоҷик ва даҳҳо мушкилоти дигаре, ки ҳамсафари ҳамватанони мо дар диёри ғурбат мебошанд, дар ин китоб гирд оварда шудаанд.

Унвони китоб аз номи яке аз қиссаҳои детективии он – “Ашкҳои зери борон” гирифта шуда, ҳамчунин, дар он қиссаҳои детективию воқеӣ бо номҳои “Орзуҳои хокистаршуда”, “Доми фиреб”, “Рӯзи сиёҳи муҳоҷир”, “Қафас” ва “Даҳшат дар таҳхона” гирд оварда шудаанд.

Китоб инчунин бештар аз 100 латифаҳо ва хотираҳои кӯтоҳеро фаро гирифтааст, ки бевосита ба ҳаёт ва зиндагии муҳоҷирон бахшида шудаанд. Дар охири китоб 2 тарона ва рӯйхати тобутҳои муҳоҷирони омада аз 4 деҳаи шаҳри Панҷакент ҷой карда шуда, бо шеъре бо номи “Дуо” ҷамъбаст мешавад.

Ин китоби сеюми Холиқназар Ҷумъаев буда, ӯ инчунин муаллифи китобҳои “Парандаҳои муҳоҷир” (2013) ва “Биё, ки фолат бинам” (2021) мебошад. Китоби биё, ки фолат бинам дар озмуни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар номинатсияи наср “Китоби сол-2021” эълон шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.