Аз 11 то 21-уми апрели соли 2023 Гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар умури озодии дин ва эътиқод Нозила Ғанӣ аз Тоҷикистон дидан карда, вазъи озодии дину эътиқодро дар кишвар меомӯзад. Дар ин бора аз Дафтари ҳуқуқи башари СММ дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Манбаъ гуфт, коршиноси СММ вазъи озодии дин ва эътиқод дар Тоҷикистон, аз ҷумла вобаста ба риояи ҳуқуқ ба озодии баён ва озодии иттиҳодияҳои динӣ, инчунин масъалаҳои баробарии гендерӣ ва ҳуқуқи башари занон, кӯдакон ва онҳое, ки ба ақаллиятҳои мазҳабӣ ё эътиқод тааллуқ доранд, арзёбӣ хоҳад кард.
“Вай инчунин, ҳама гуна кӯшишҳоро барои мусоидат ва нигоҳдории ҳамзистии осоиштаи ҷомеаҳои гуногуни динӣ ҳангоми мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм арзёбӣ мекунад”, – гуфт манбаъ.
Гузоришгари вижаи СММ ҳамчунин, ба тавсияҳои собиқ гузоришгари вижаи СММ оид ба озодии дин ва эътиқод Асмо Ҷаҳонгир, ки пас аз боздидаш аз Тоҷикистон дар соли 2007, ироа карда буд, таъкид мекунад.
Ӯ дар ҷараёни боздид, бо ниҳодҳои динии давлатӣ, намояндагони ҷомеаҳои динӣ ва мазҳабӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва СММ мулоқот хоҳад кард.
Дар назар аст, ки Нозила Ғанӣ аз шаҳрҳои Хоруғ ва Хуҷанд низ боздид намояд.
Бо анҷоми боздид, гузоришгари махсуси СММ дар умури озодии дин ва эътиқод рӯзи 21-уми апрели соли 2023 дар дафтари ҳуқуқи башари СММ дар Тоҷикистон гузорише аз дидаҳо ва шунидаҳоро бо тавсияҳои худ ироа хоҳад кард.
Нозила Ғанӣ моҳи марти соли 2024 дар бораи сафари худ ба Шӯрои ҳуқуқи башар дар Женева гузориши муфассал медиҳад.
Нозила Ғанӣ, зодаи Ҷумҳурии исломии Эрон буда, моҳи августи соли 2022 ба ҳайси гузоришгари вижаи СММ дур умури озодиҳои динӣ ва эътиқод ба кор шурӯъ кардааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон моҳи феврали имсол дар нишасти матбуотии худ гуфта буд, гузоришгари вижаро ба Тоҷикистон даъват кардаанд.
Боздиди Гузоришгари вижаи СММ дар умури дин ва эътиқод аз Тоҷикистон дар ҳолест, Тоҷикистон аз соли 2016 бо тавсияи Комиссияи ИМА оид ба озодиҳои динии байнулмилалӣ ба рӯйхати кишварҳои нақзкунандаи озодиҳои динии Департаменти давлатии ИМА шомил аст.
Дар гузоришҳо аз ҷумла гуфта мешавад, ки “нақзи мунтазам, давомдор ва дағалонаи озодии эътиқод” боиси нигаронии хоси Департаменти давлатӣ шудаанд.
“Маҳдудиятҳои озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон аз назорати риши мардон ва ҳам либоспӯшии занону ноболиғон шуруъ мешавад. Интиқодҳои дигар аз Тоҷикистон дар гузориши Департаменти давлатӣ ба поймолшавии ҳуқуқи ақаллиятҳои динии мисли “Шоҳидони Яҳво”, баста будани дари масҷидҳо ба рӯи ноболиғон ва дигар мушкилот ишора мекунанд”, – омадааст дар яке аз гузоришҳои Департаменти давлатии ИМА.
Аз ҷумла, Комиссияи ИМА оид ба озодиҳои динии байнулмилалӣ дар гузориши соли 2021-уми худ гуфта буд, ки “соли 2021 саркӯбҳои давлатӣ алайҳи аксарияти мусалмонони ин кишвар дар пасманзари ҳаросҳои ҳукумат аз таҳдиди Афғонистони ҳамсоя, бахусус пас аз тасарруфи Толибон дар моҳи августи соли ҷорӣ шиддат гирифтаанд”.
Дар Тоҷикистон ба интиқоди Департаменти давлатии ИМА аз вазъи озодии дин розӣ нестанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша мегӯянд, дар кишвар “ҳама ҳуқуқи мазҳабӣ риоя мешавад” ва арзёбиҳои хориҷиён аз вазъи ҳуқуқи динии мардум ғаразмандона ва нодуруст аст.
Бори охир, соли 2007 Гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар умури озодии дин ва эътиқод Асмо Ҷаҳонгир аз Тоҷикистон дида карда, рӯзи 12-уми марти соли 2009 дар Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ аз вазъи аққалиятҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда буд.
Ӯ ҳамчунин, аз вазъи ҳуқуқи занони тоҷик нигаронӣ карда, афзуда буд, ки бинобар урфу суннатҳои мардумӣ ҳуқуқашон зери по мешавад.