Пас аз рейди пулис дар Петербург садҳо муҳоҷир ба комиссариати ҳарбӣ оварда шуданд

Дар ҷараёни рейди дурӯза дар ҷануби шаҳри Санкт-Петербурги Русия мақомоти пулис зиёда аз 100 нафар муҳоҷирони  дорои шаҳрвандии Русияро, ки дар қайди ҳарбӣ набуданд, ошкор намуда, ҳамаи онҳоро ба комисариати ҳарбии ноҳияи Фрунзеи шаҳр бурдаанд. Дар ин бора ба РБК аз хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград хабар додаанд. “Рейди санҷиши […]

Asia-Plus

Дар ҷараёни рейди дурӯза дар ҷануби шаҳри Санкт-Петербурги Русия мақомоти пулис зиёда аз 100 нафар муҳоҷирони  дорои шаҳрвандии Русияро, ки дар қайди ҳарбӣ набуданд, ошкор намуда, ҳамаи онҳоро ба комисариати ҳарбии ноҳияи Фрунзеи шаҳр бурдаанд. Дар ин бора ба РБК аз хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград хабар додаанд.

“Рейди санҷиши муҳоҷират, ки дар анбори сазавоти Софийск доир гардид, ҳам ба пулис ва ҳам ба комиссариатҳои ҳарбӣ натиҷа дод. Дар ҷараёни санҷиш қариб 400 шаҳрванди хориҷӣ ошкор шуданд, ки бо нақзи қонунгузории муҳоҷират дар қаламрави Русия ҳузур доштанд.

Аз байни ҳамдиёрони хориҷиёни санҷидашуда кормандони пулис зиёда аз 100 нафареро, ки шаҳрвандии Русияро доштанд, ошкор намуданд. Қариб ҳамаи онҳо барои ба қайди ҳарбӣ гузоштан ба комиссариати ҳарбии ноҳия оварда шуданд”, – зикр мегардад дар хабар.

Дар мақомоти пулис ҳамчунин хабар додаанд, ки нисбати як нафар хориҷӣ мутобиқи моддаи 327 КҶ бо далели аз ҷониби ӯ пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои сохта (қалбакӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Мувофиқи қонунгузории Русия, афроди кишвари хориҷие, ки шаҳрвандии Русияро мегирад, дар муддати ду ҳафта аз замони қайд дар маҳалли зист бояд худро ба қайди ҳарбӣ гузоранд. Бидуни билети ҳарбӣ чунин шаҳрвандон наметавонанд дар Русия қонунӣ кор кунанд.

Моҳи майи соли равон вакили Думаи давлатӣ Михаил Матвеев (Ҳизби коммунисти Федератсияи Русия) дар бораи омода кардани лоиҳаи қонуне хабар дод, ки он барои ба хидмати ҳарбӣ даъват кардани муҳоҷирони дорои шаҳрвандии Русия, аз ҷумла аз Осиёи Миёна ва Қафқоз имкон медиҳад. Вакил таҳияи лоиҳаи қонунро чунин шарҳ дод, ки айни замон касони дорои душаҳрвандӣ ба хидмати ҳарбӣ даъват намешаванд.

Моҳи май Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод карда буд, ки як ниҳоди нави назорати маъмурӣ аз болои ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ҷорӣ карда, назорати давлатии амалкунанда дар ин самт бекор карда шавад. Дар сурати қабули ин лоиҳаи қонун, Вазорати корҳои дохилӣ метавонад санҷиши шахсони ҳуқуқиеро, ки аз кори муҳоҷир истифода мекунанд, ба роҳ монад. Қаблан барои санҷиши онҳо онҳо моратория муқаррар шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.