“Қонуни зиндагӣ”-и Давлат Худоназаров

Asia-Plus

Имрӯз, 13-уми март Давлат Худоназаров, коргардон ва сиёсатмадори шинохтаи тоҷик, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ 80-сола шуд. Ӯ чанд сол аст, аз фаъолияти сиёсӣ ва коргардонӣ канор рафта, бештар ба таҳқиқ ва пажӯҳиш рӯ овардааст. Ҳоло дар Маскав зиндагӣ дорад ва бештар бо фаъолиятҳои ҷамъиятӣ машғул аст.

Бахшида 75-солагии Давлат Худоназаров соли 2019 андешаҳои ӯро гирдоварӣ намудем, ки дар замони гуногун ба расонаҳо баён доштааст. Ин гуфтаҳо то андозае ҳолу ҳавои ӯро дар лаҳзаҳои мухталифи ҳаёташ бозгӯй мекунанд. "Азия-Плюс" он гуфтаҳоро дубора дар 80-солагии коргардону сиёсатмадор бознашр мекунад.

“Ҳоло ба дигар соҳа рафтаам, таърихшинос шудаам. Фаъолият дар бойгонӣ аз сабти филм шавқовартар аст”.

(Мусоҳибаи ихтисосӣ барои Asia-Plus, 22 октября, 2012)

“Агар ту ба ҷаҳолат посух диҳӣ, онро зиёд мекунӣ, паҳн месозӣ ва хиёнат ба эътиқоди хешро оғоз менамоӣ. Менталитети мо – ҳамонест, ки 24 соат зиндагӣ мекунем, ин муносибат бо табиат, муҳити атроф, одамон, ҳайвонот аст. Ҳамаи ин дунёи моро ташкил медиҳад. Ҳар қадар ин муошират ва муносибат зиёд аст, ҳамон қадар одамон хуб ва нарм мешаванд”.

(мусоҳиба дар АИ “Фергана”, соли 2015)

“Бигзор дар оинаи нилгул фантасмагория намоиш диҳанд, аммо барои он ки ҷузъе аз фарҳанги мардум бошад, дар он бояд ҳақиқат баён карда шавад. Аммо он набояд танҳо ҳақиқати миллати кӯчак ё қавми хурд бошад”.

ВРЕЗКА В МАТЕРИАЛ


Давлатназар (Давлат) Худоназаров, сиёсатмадор ва коргардони шинохтаи синамои тоҷик 13-уми марти соли 1944 дар шаҳри Хоруғи ВМКБ таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии умумииттифоқии кинематографистон (ВГИК) бо ихтисоси наворбардори синамо дар соли 1965 аст. Баъди хатми ВГИК, ӯ то солҳои 80-ум ба синамогарӣ шуғл варзида, дар ин айём филми бадеии «Ҷӯра Саркор» ва чанд филми дигарро наворбардорӣ кардааст. Соли 1979 филми бадеии «Субҳи аввалини ҷавонӣ»-ро коргардонӣ кардааст. Як муддат дар соли 1986 котиби якуми Иттифоқи киноматаграфистони ҶШС Тоҷикистон буд. Дар охири солҳои 80-ум ба майдони сиёсат омад. Соли 1989 вакили халқии СССР аз Тоҷикистон, аъзои «Гурӯҳи байниминтақавии вакилон» (демократӣ) дар Анҷумани 1 вакилони халқии СССР интихоб шуд. Ҳамин тариқ, соли 1990 ӯ раиси Иттифоқи кинематографистони СССР интихоб мешавад. Ӯ дар соли 1991 аз ҷониби қувваҳои мухолифин дар интихоботи Президенти Тоҷикистон номзад буд. Соли 1992 яке аз сарварони қувваҳои демократӣ дар Тоҷикистон шинохта мешуд. Ҳамин тариқ, дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистонро тарк кард ва соли 1993 дар ИМА зиста, соли 1995 ба Русия бозгашт. Ӯ ҳоло дар Маскав фаъолияти башардустона ва ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони Тоҷикистон машғул аст. Худоназаров аз соли 1989 Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон буда, соли 1972 Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли 1977 Ходими хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон аст. Ӯ пайваста ба Тоҷикистон меояд ва ба синамогарони ҷавон суҳбату мулоқотҳо мекунад.

(мусоҳиба дар АИ “Sputnik”, январи соли 2018)

“Барои ман, ҳоло масоили сиёсӣ дуюмдараҷа шудааст… Ҳоло барои ман фарҳанг муҳим аст, чунки фарҳанг метавонад якҷоя бо дину маҳзаб мардумро дар як чаҳорчӯба муҳофизат кунад”.

(мусоҳиба дар Радиои Озодӣ, октябри соли 2012)

“Дар Ватани ман аллакай рақс карда наметавонанд. Дар Ватани ман наметавонанд бо доира суруди туёна сароянд. Барои ман ин фоҷеа аст”.

(Мусоҳибаи ихтисосӣ барои Asia-Plus, 22 октября, 2012)

“Вақте дар Ватан кореро анҷом медиҳем – мо инро дар хонаи худамон мекунем. Аммо вақте нафари ғайри тоҷик ба хонаи мо омада, онро дӯст медорад, барои он хизмат мекунад, баъзан бештар аз мо, – инро бояд қадр кунем”.

(мусоҳиба дар АИ “Фергана”, соли 2015)

“Ҳар як филм таърих, фалсафа ва сатҳи худро дорад… Дуруст, бисёре аз филмҳои “Тоҷикфилм”-и советиро беҳтарин гуфтан душвор аст. Аммо он филмҳоро намоиш бояд дод ё не, бояд роҳбарияти шабакаҳои телевизионӣ муайян кунанд. Шахсан ман муқобили қатъи намоиши ин филмҳо дар ТВ ҳастам”.

(мусоҳиба дар Радиои Озодӣ, соли 2018)

“Ташаккул ва рушди кинои тоҷик бешак бо низоми шӯравӣ вобаста аст. Бе Иттиҳоди Шӯравӣ, бе сиёсати фарҳангии он киноматографияи миллӣ ба таври тасаввурнопазир ташаккул ва рушд намекард”.

(мусоҳиба дар АИ “Sputnik”, январи соли 2018)

“Баъзан дар саҳна ҳастед, баъзан берун аз он… Лекин тақдири Тоҷикистон, меҳр ба Тоҷикистон ҳама вақт бо ман аст, то ман зинда ҳастам”.

(мусоҳиба дар Радиои Озодӣ, октябри соли 2012)

“Барои ҳар кор дигар вақт ва қувват нест, лекин хоҳиши кӯмаки машваратӣ ба насли ҷавон ҳаст, агар ба онҳо манфиат оварда тавонам”.

(мусоҳиба дар АИ “Фергана”, соли 2015)

“Вақте синни одам ба 70 мерасад, бояд фикр кунад, ки чӣ қадар вақти дигар дорад ва ин вақтро бояд ба насли наврас бахшад”.

(мусоҳиба дар Радиои Озодӣ, октябри соли 2012)

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...