Қазоқистон ба Тоҷикистон ҳамчун кумаки башардӯстона 15 ҳазор тонна мазут дод

Рӯзи 12-уми марти соли равон Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон ба Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона аз ҷониби ҳукумати Қазоқистон 15 ҳазор тонна мазут тақдим кард, хабар медиҳад, ин сафорат. Валихон Туреханов, сафири Қазоқистон дар маросими интиқоли маводи сӯхт таъкид кардааст, ки ин кумак бо дастури раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев сурат […]

Рӯзи 12-уми марти соли равон Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон ба Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона аз ҷониби ҳукумати Қазоқистон 15 ҳазор тонна мазут тақдим кард, хабар медиҳад, ин сафорат.

Валихон Туреханов, сафири Қазоқистон дар маросими интиқоли маводи сӯхт таъкид кардааст, ки ин кумак бо дастури раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев сурат гирифтааст.

«Таъмини кӯмаки башардӯстона бо мусоидати Оҷонсии Қазоқистон оид ба рушди байналмиллалии «KazAID» сурат гирифта, саҳм дар таъмини амнияти энергетикӣ ва зуҳури муносибатҳои стратегии хоси ҳамкориҳои чандинасраи Қазоқистону Тоҷикистон мебошад»,-гуфтааст, ин дипломати қазоқ.

Вай таъкид кард, ки арзиши сӯзишвории интиқолшуда, ки барои “фаъолияти устувори иншооти муҳими энергетикии Тоҷикистон” пешбинӣ шудааст, ҳудуди 5,65 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии кумакҳои башардӯстона аз Қазоқистон ба Тоҷикистон дар соли 2023 ҳудуди 2 миллион долларро ташкил додааст.

Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои об Тоҷикистон, дар соли гузашта ҳудуди 23 ҳазор тонна мазут ворид кардааст.

Мутаносибан, мазуте, ки як рӯз пеш ба даст омадааст, беш аз 65,2 дарсади воридоти соли гузаштаи ин сӯзишворро ташкил медиҳад.

Дар худи Точикистон соли гузашта аз ҳисоби коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ҳамагӣ қариб 3,9 ҳазор тонна мазут истеҳсол карда шудааст.

Мазутро дар Тоҷикистон умдатан дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 1 барои тавлиди гармӣ ва нерӯи барқ ​​дар фасли тирамоҳу зимистон истифода мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар шароити норасоии шадид бештари пойтахт бо нерӯи барқ ​​тавассути марказҳои гармидиҳӣ таъмин карда мешавад.

Ҳоло сокинони манотиқи кишвар дар як шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат нерӯи барқ ​​мегиранд. Аз охири моҳи феврал инҷониб дар пойтахт низ мунтазам барқ ​​хомӯш карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.