Вазорати меҳнат: Барои кор дар Британия ба ширкатҳои иҷозанадошта муроҷиат накунед!

Ширкати “Даври Истиқлол”, ки ба фиристодани шаҳрвандон ба кори мавсимӣ ба Британияи Кабир машғул буд, барои фаъолияти корӣ дар Тоҷикистон иҷозатнома надошт. Чанде пеш Радиои Озодӣ бо истинод ба ВКД Тоҷикистон дар бораи боздошти роҳбари ширкати “Даври Истиқлол” Иброҳим Аҳмадов хабар дод, ки бо роҳи фиреб ва ваъдаи бо кор таъмин кардан дар Британияи Кабир […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ширкати “Даври Истиқлол”, ки ба фиристодани шаҳрвандон ба кори мавсимӣ ба Британияи Кабир машғул буд, барои фаъолияти корӣ дар Тоҷикистон иҷозатнома надошт.

Чанде пеш Радиои Озодӣ бо истинод ба ВКД Тоҷикистон дар бораи боздошти роҳбари ширкати “Даври Истиқлол” Иброҳим Аҳмадов хабар дод, ки бо роҳи фиреб ва ваъдаи бо кор таъмин кардан дар Британияи Кабир аз даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон пул гирифтааст.

Дар ВКД Тоҷикистон хабар додаанд, ки аз рӯи ин парванда ҳудуди 150 нафар ҷабрдидагон ҳастанд.

Дар идома Радиои Озодӣ гуфтаҳои ҷабрдидагонро меорад, ки чанд моҳ пеш ҳар кадоме ба ширкати “Даври Истиқлол” барои ба кори мавсимӣ фиристодан ба Британияи Кабир 18 ҳазор сомонӣ супоридаанд, вале дар ниҳояти кор, онҳоро ба ин кишвар нафиристодаанд.

Дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар доданд, ки ба ин ширкат додани иҷозатнома барои фаъолият оид ба фиристодани муҳоҷирон ба кор ба хориҷи кишвар рад шудааст.

“Айни замон Хадамоти муҳоҷират ба сабти хоҳишмандон ҷиҳати сафарбарии муташаккилонаи шаҳрвандон барои кор ба Русия ва Британияи Кабир бар асоси созишнома бо корфармоёни ин кишварҳо идома медиҳад”, – изҳор доштанд дар Хадамоти мазкур.

Хадамоти муҳоҷират аз хоҳишмандон даъват мекунад, ки барои ҷустуҷӯи кор дар хориҷа ба мақоми ваколатдор оид ба ин масъала муроҷиат кунанд, вагарна ба ҳолате дучор мешаванд, ки дар боло зикр кардем, зеро муроҷиат кардан ба ширкате, ки иҷозатнома надорад, ба фоидаи кор нахоҳад буд.

Хадамоти муҳоҷират ҳамчунин аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки зимни ҷустуҷӯи кор дар хориҷа беҳтараш ба онҳо муроҷиат кунанд. Дар назди Хадамот шӯрои машваратӣ амал мекунад, ки ба шаҳрвандон дар интихоб ва фиристодан ба кор ба дигар кишварҳо, аз ҷумла ба Британияи Кабир кумак мекунад.

Сафорати Британияи Кабир низ чандин маротиба огоҳ карда буд, ки ба эълонҳои бардурӯғ (фейк) оид ба ҷалби шаҳрвандон ба корҳои кишоварзӣ дар ин кишвар бовар накунанд.

Сафорат раводид намедиҳад ва ҳамаи хоҳишмандон бояд ба Марказҳо оид ба машварат ва омодакунии муҳоҷирони кории Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва сипас ба Маркази раводиди Британияи Кабир TLScontact, ки дар он ҷо барои раводид боҷи расмӣ пардохт мешавад, муроҷиат намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.