“Як нафар омад – як нафар рафт”. Русия мехоҳад вуруди оилаи муҳоҷирони бидуни кори расмиро манъ кунад

Дар Русия ба баррасии қоидаҳои нави вуруд барои оилаҳои муҳоҷироне, ки бо кор таъмин нестанд, оғоз карданд. Тавре ки шабакаи Telegram-и Baza хабар медиҳад, мувофиқи ин қонун, инчунин кӯдакони муҳоҷиронро ба мактабҳо пас аз имтиҳони заминавӣ аз забони русӣ қабул карданӣ ҳастанд ва барои қабул кардани хориҷиён ба кор низоми ягонаи «киро (ҷалб)-и идорашаванда»-ро истифода […]

Asia-Plus

Дар Русия ба баррасии қоидаҳои нави вуруд барои оилаҳои муҳоҷироне, ки бо кор таъмин нестанд, оғоз карданд.

Тавре ки шабакаи Telegram-и Baza хабар медиҳад, мувофиқи ин қонун, инчунин кӯдакони муҳоҷиронро ба мактабҳо пас аз имтиҳони заминавӣ аз забони русӣ қабул карданӣ ҳастанд ва барои қабул кардани хориҷиён ба кор низоми ягонаи «киро (ҷалб)-и идорашаванда»-ро истифода мебаранд.

Ба иттилои ин манбаъ, Шӯрои амнияти Русия ба Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти дахлдор супориш дод, ки ин масъаларо омӯхта, барои қонуни нави муҳоҷирон пешниҳодҳо манзур созанд.

Ёдрас мекунем, ки Лоиҳаи федералӣ дар бораи “ҷалби идорашаванда”-и муҳоҷирон ба фарзияи кории лоиҳаи миллии “Кадрҳо” дохил шуд.

Мувофиқи он, як қатор расмиёти муайян, аз қабили муоинаи тиббӣ, гирифтани изи ангуштон (дактилоскопия) ва санҷиши донистани забони русӣ метавонанд дар берун аз ҳудуди Русия гузаронида шаванд, то ки ба кишвар корманди алллакай санҷидашуда ворид шавад.

Ғайр аз ин, васеъ намудани рӯйхати кишварҳое, ки аз онҳо муҳоҷирони корӣ меоянд ва вобаста кардани онҳо ба корфармоён ба нақша гирифта шудааст. Муҳоҷиронро тариқи “оператори ягона” даъват мекунанд.

Ба иттилои нашрияи Baza, ҳамчунин лоиҳаи қонун дар бораи санҷиши дониши забони русии кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ пеш аз дохил шудан ба муассисаҳои таълимӣ аллакай ба Думаи давлатӣ пешниҳод шудааст. Дар шарҳи он зикр шудааст, ки барои таҳсил дар мактаб хонанда бояд забони русиро озодона дониста, бо он муошират карда тавонад ва барномаи таълимиро азхуд намояд.

Baza менависад, кор рӯйи лоиҳаи нави қонун дар бораи муҳоҷирон аз рӯи усул (принсип)-и «як нафар омад — як нафар рафт» анҷом дода мешавад.

«Ҳадаф дар он аст, ки агар муҳоҷир ба кишвар танҳо омада бошад, пас кишварро ҳам танҳо тарк мекунад. Принсипи «як нафар омад — як нафар рафт» бояд муқаррароти заминавии ин пешниҳод бошад», – зикр карда буд муовини раиси Думаи давлатӣ Пётр Толстой дар канали Telegram-и худ.

Мувофиқи пешгӯиҳо, бо назардошти сатҳи баланди таваллуд дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, теъдоди шаҳрвандони онҳо, ки ба Русия меоянд, дар солҳои наздик коҳиш намеёбад.

Инчунин бо назардошти аз кишварҳои ИДМ монеъаҳои маҳдудкунанда вуҷуд надоштан барои муҳоҷирати беруна, аллакай ҳозир бисёр муҳоҷирони меҳнатӣ як худашон танҳо не, балки бо оилаҳояшон меоянд.

Ин ҳолат аксари коршиносонро нигарон кардааст. Ба гуфтаи онҳо, агар муҳоҷирон ба омадан бо оилаҳояшон идома диҳанд, ин ба суботи ҷомеа таъсири манфӣ расонида, метавонад ба хатарҳои густариши низоъҳои зӯроварии маишӣ дар заминаи этникӣ ё аз он ҳам бадтар, ихтилофоти динӣ тақвият бахшад.

Қаблан коршиносони Мактаби олии иқтисод ҳисоб карданд, ки барои нигаҳдории теъдоди аҳолии Русия, дар як сол метавонад 1,1 млн нафар муҳоҷирон лозим шаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.