Дар Душанбе ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил мешавад

Дар Душанбе аз 1‑ум то 31‑уми август ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ баргузор мешавад. Дар ин бора ба “Азия‑Плюс” дар   шаҳрдории  Душанбе хабар доданд. Ба иттилои мақомоти шаҳрдорӣ, ярмакаи либосҳои мактабӣ ҳамарӯза дар чор ноҳияи пойтахт, аз соати 9:00 то 19:00 баргузор мегардад ва  то оғози соли нави хониш идома мекунад. Дар ярмарка беш […]

Дар Душанбе аз 1‑ум то 31‑уми август ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ баргузор мешавад. Дар ин бора ба “Азия‑Плюс” дар   шаҳрдории  Душанбе хабар доданд.

Ба иттилои мақомоти шаҳрдорӣ, ярмакаи либосҳои мактабӣ ҳамарӯза дар чор ноҳияи пойтахт, аз соати 9:00 то 19:00 баргузор мегардад ва  то оғози соли нави хониш идома мекунад. Дар ярмарка беш аз 20 корхона ва соҳибкорон ширкат варзида, маҳсулоти худро пешкаши харидорон мекунанд.

Ярмаркаи асосӣ ҳамарӯза дар маркази савдои “Панҷшер” (бозори “Саховат”) ташкил мешавад ва дигар ярмаркаҳо дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

– ноҳияи И.Сомонӣ: дар мағозаҳои истеҳсолии ҶДММ “Истиқлол”, ҶДММ “Чеварони Лола”, ҶДММ “Варзоб ТК” ва ҶСК “Гулистони Душанбе” (кӯчаи Техрон, 21).

‑ дар ноҳияи Шохмансур: дар кӯчаи Валаматзода, 8 (дар паҳлӯи бинои ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур), хиёбони Рӯдакӣ, 10 (дар паҳлӯи марказҳои савдои “Садбарг” ва “Шукрона”), дар кӯчаи Айнӣ, 307/5 (маркази савдои “Ховарон”) ва кӯчаи А. Лоҳутӣ, 4/33 (маркази савдои “Гелос”).

– дар ноҳияи Фирдавсӣ: дар ҳудуди бозорҳои “Корвон” ва “Корвон плюс”, дар “Дунёи нав АСК” ( кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон, маҳаллаи 61), дар назди корхонаи “Насоҷии тоҷик” ва дар маркази савдои “Ганҷина” (“Саховат”).

– дар ноҳияи Сино – дохили бозори Сафариён (бозори паси Автовокзал).

Ёдовар мешавем, ки қарори ташкили ярмаркаро 28‑уми июли соли 2021 Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ба имзо расонида буд ва инак се сол мешавад, ки баргузор мегардад.

Дар баробари баргузор шудани ярмаркаи либосҳои мактабӣ ҳамасола бо наздик омадани соли нави хониш, сокинони кишвар аз қимматии либос ва лавозимоти мактабӣ  шикоят мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.