Назорати мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо пурзӯр карда шуд

Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ назоратро дар самти ба танзим даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти гаронвазн пурзӯр намуд. Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёт хабар медиҳад, тавре маълум аст, ҳамасола бо ташаббус ва иқдомоти  ҳукумат роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ таҷдиду азнавсозӣ ва ба меъёрҳои байналмилали мутобиқ […]

Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ назоратро дар самти ба танзим даровардани фаъолияти воситаҳои нақлиёти гаронвазн пурзӯр намуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёт хабар медиҳад, тавре маълум аст, ҳамасола бо ташаббус ва иқдомоти  ҳукумат роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ таҷдиду азнавсозӣ ва ба меъёрҳои байналмилали мутобиқ гардонида мешаванд.

“Ҷиҳати оқилона ва самаранок истифода бурдани роҳҳои автомобилгард санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи роҳу нақлиёт қабул ва мукаммал гардида, ҳамаи истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард вазифадоранд, ки меъёрҳои муқараршударо риоя намоянд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Таъкид мешавад, ки о ташаббуси Вазорати нақлиёт ба Кодекси нақлиёти автомобилии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ҷиҳати ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани борфиристонанда ва боргиранда дар ҳолати риоя накардани меъёри боркунӣ ба воситаи нақлиёти автомобилӣ  ворид карда шуд.

Дар ин бора Хадамоти  давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт  ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар хусуси риояи меъёрҳои муқаррашуда ҳангоми боркунии бор ба воситаи нақлиёт расман муроҷиат намуд.

“Хадамот инчунин гуруҳҳои корӣ ва мобилӣ таъсис дода,  онҳоро ба корхонаҳои сементбарорӣ, конҳои истихроҷи ангишт, карйерҳои коркарди қуму шағал ва дигар корхонаҳои истеҳсолӣ барои фаҳмонидани моҳияти риояи муқаррароти тағийироти воридшуда  сафарбар намуд”, – зикр мегардад дар хабар.

Бино ба маълумоти Вазорати нақлиёт, давоми моҳҳои январ-майи соли 2024 дар нуқтаҳои баркашӣ ва аз ҷониби гуруҳҳои мобилӣ дар маҷмуъ вазни зиёда аз 100 ҳазор адад воситаи нақлиёти боркаш чен карда шуд. Дар ин давра 1014 ҳолати аз ҷониби ронандагон риоя накардани қоидаҳои ҳамлу нақли борҳои калонҳаҷм ва вазнин ошкор ва ба қайд гирифта шуд.

Нисбати ронандагон протоколҳо тартиб дода, онҳо ба маблағи зиёда аз 3,4 млн. сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта қариб 300 ҳазор сомонӣ бештар аст.

Хадамот ба корхонаҳои истеҳсолии мамлакат дар маҷмуъ 35 адад огоҳинома ирсол намуд.

Барои риоя накардани меъёри боркунӣ ба воситаи нақлиёт дар карйерҳои манотиқи Ваҳдат, Ҳисор ва Кӯлоб протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, масъулини онҳо ҷаримабандӣ гардиданд.

Рӯзи 1 июл  вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим дар ҷаласаи назоратӣ ба масъулин супориш дод, ки барои пурра аз байн бурдани ҳаракати автомобилҳои гаронвазн дар роҳҳои автомобилгард тадбирҳои қатъӣ ва амалӣ андешида,  дар ин бора ҳар ҳафта гузориш пешниҳод намоянд.

Дар ҳамин ҳол, вазир зикр кард, ки “дар кишвар ҳаракати воситаҳои нақлиёти вазнин, ки зиёда аз 40 тонна бор интиқол медиҳанд, манъ аст”.

Дар Вазорати нақлиёт хабар доданд, ки ҳоло дар шафати роҳҳо 30 адад нуқтаҳои баркашӣ ташкил ва бо тарозуҳои статсионарӣ, динамикӣ ва мобилӣ таъмин гардида, онҳо андоза ва вазни воситаҳои нақлиёти боркашро ҳангоми суръати баланди ҳаракат, ҳатто то 100-120 км/соат муайян карда метавонанд.

Ба наздикӣ боз чанд адад тарозуҳои динамикии муосир дар маҳалҳои дигари кишвар, аз ҷумда дар ду даромадгоҳи шаҳри Душанбе, инчунин дар нуқтаҳои боркашонии «Норак», «Гулистон»-и минтақаи Кӯлоб ва «Қизил-Қалъа»- и минтақаи Бохтар дар шафати роҳҳои автомобилгард насб карда мешаванд.

Гуфта мешавад, ҳадафи аслии пурзӯр шудани назорати мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва нигаҳдории роҳҳои автомобилгард дар ҳолати хубу коршоям мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.