Парвози нахустини ҳавопаймо аз Душанбе ба Рашт низ анҷом ёфт

Имрӯз, 7-уми феврал нахустин парвози ҳавопаймо дар масири “Душанбе-Рашт-Душанбе” дар замони истиқлолият анҷом ёфт. Дар ин бора аз ширкати “Тоҷик-Эйр” ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, ҳавопаймо аз ҳарду ҷониб бо 17 мусофир парвоз кардааст. Ба гуфтаи манбаъ, парвоз аз ҳарду ҷониб 30-дақиқаӣ давом кардааст. “Ҳавопаймо аз Душанбе соати 14:35 парвоз карда, соати 15:05 ба фурудгоҳи […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Имрӯз, 7-уми феврал нахустин парвози ҳавопаймо дар масири “Душанбе-Рашт-Душанбе” дар замони истиқлолият анҷом ёфт. Дар ин бора аз ширкати “Тоҷик-Эйр” ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, ҳавопаймо аз ҳарду ҷониб бо 17 мусофир парвоз кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ, парвоз аз ҳарду ҷониб 30-дақиқаӣ давом кардааст.

“Ҳавопаймо аз Душанбе соати 14:35 парвоз карда, соати 15:05 ба фурудгоҳи Рашт фуруд омад. Аз ҷониби Рашт бошад, соати 15:40 парвоз карда, соати 16:10 ба Душанбе расид”, – гуфтанд аз ин ширкат ба “Азия-Плюс”.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Парвиз Шодмонзода, раиси ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” дар нишасти Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон гуфта буд, ки соли ҷорӣ ин ширкат парвозҳои дохилии нав аз Душанбе ба Ванҷ, Рашт ва Лахшро роҳандозӣ мекунад.

Баъдтар дар бораи тафсилоти парвоз ба Рашт ва нархи чипта иттилоъ дода буд. Нархи чипта 350 сомонӣ аст.

Барои фармоиши чипта сокинон имкон доранд ба суроғаи ширкати ҳавопаймоӣ, ки дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Мирзо Мастонгулов, 32/1, қарор дорад, муроҷиат кунанд ва ё бо рақамҳои +992 88837 7777 , +992110000012 тамос гиранд.

Аз ин ширкат мегӯянд, парвозҳо ҳафтае се маротиба – рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа тариқи ҳавопаймои АН-28  анҷом мешаванд. Ин ҳавопаймо барои интиқоли 17 мусофир ва  то 1750 кг бор пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ин чорумин хатсайри ҳавоии дохилист, ки ширкати “Тоҷик-Эйр” парвозҳоро анҷом медиҳад. Моҳи гузашта ин ширкат парвоз дар масири "Душанбе Хоруғ-Душанбе" “Душанбе-Кӯлоб-Душанбе” ва “Душанбе-Панҷакент-Душанбе”-ро низ роҳандозӣ карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.