“Тоҷик Эйр” парвоз аз Душанбе ба Раштро ҳам оғоз мекунад. Кай ва нархи чипта чанд аст?

Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик-Эйр" парвозҳоро дар масири Душанбе – Рашт– Душанбе оғоз мекунад. Дар ин бора ин ширкат дар саҳифаи “Фейсбук”-и худ хабар дода, навиштааст, ки нархи чипта 350 сомонӣ муайян шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, аввалин парвоз 7-уми феврал хоҳад буд. Парвоз аз Душанбе ба Рашт соати 13:00 ва аз Рашт ба Душанбе соати 14:05 оғоз […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик-Эйр" парвозҳоро дар масири Душанбе – Рашт– Душанбе оғоз мекунад. Дар ин бора ин ширкат дар саҳифаи “Фейсбук”-и худ хабар дода, навиштааст, ки нархи чипта 350 сомонӣ муайян шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, аввалин парвоз 7-уми феврал хоҳад буд. Парвоз аз Душанбе ба Рашт соати 13:00 ва аз Рашт ба Душанбе соати 14:05 оғоз меёбад.

Манбаъ навиштааст, ки парвозҳо ҳафтае се маротиба рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа тариқи ҳавопаймои АН-28  анҷом мешаванд. Ин ҳавопаймо барои интиқоли 17 мусофир ва  то 1750 кг бор пешбинӣ шудааст.

Барои фармоиши чипта сокинон имкон доранд ба суроғаи ширкати ҳавопаймоӣ, ки дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Мирзо Мастонгулов, 32/1, қарор дорад, муроҷиат кунанд ва ё бо рақамҳои +992 88837 7777 , +992110000012 тамос гиранд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Парвиз Шодмонзода, раиси ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" дар нишасти Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон гуфта буд, ки соли ҷорӣ ин ширкат парвозҳои дохилии нав аз Душанбе ба Ванҷ, Рашт ва Лахшро роҳандозӣ мекунад.

Ӯ он вақт дақиқ нагуфта буд, ки парвоз ба ин минтақаҳо кай оғоз мешавад, танҳо изҳор дошта буд, ки дар ҳоли ҳозир корҳои таъмири фурудгоҳҳои маҳаллии Рашт ва Лахш идома дорад.

Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" пас аз танаффуси тӯлонӣ моҳи сентябри соли гузашта аз роҳандозии дигарбораи хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе хабар дод. Он вақт дар ин ширкат гуфта буданд, ки вобаста ба талабот моҳи октябри соли 2024 парвозҳо аз Душанбе ба самти Панҷакент, Лахш, Ғарм, Кӯлоб, Ишкошим ва Айниро низ ба роҳ мемонанд.

Баъдан дар моҳи январ ин ширкат парвоз дар масири Кӯлоб ва Панҷакентро оғоз кард. Аммо парвоз дар хатсайри Душанбе-Панҷакент-Душанбе пас аз чор маротиба таъхир анҷом ёфт. Масъулини ширкат ҳар бор сурат нагирифтани парвоз аз Душанбе ба Панҷакент ва баръаксро ба номусоидии ҳаво рабт медоданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосим Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт 

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.