Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфт, гузаштани Тоҷикистон ба “алифбои дигар айни ҳол матраҳ нест”

Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар бораи гузаштани Тоҷикистон ба алифбои дигар (форсӣ)-ро дар пасманзари пешниҳоди Созмони кишварҳои туркӣ барои гузаштан ба “алифбои ягонаи туркӣ” изҳори назар кард ва гуфт, “айни замон гузаштан ба алифбои дигар матраҳ нест”. Ӯ имрӯз, 4 – уми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ба иродаи сиёсии кишварҳои […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар бораи гузаштани Тоҷикистон ба алифбои дигар (форсӣ)-ро дар пасманзари пешниҳоди Созмони кишварҳои туркӣ барои гузаштан ба “алифбои ягонаи туркӣ” изҳори назар кард ва гуфт, “айни замон гузаштан ба алифбои дигар матраҳ нест”.

Ӯ имрӯз, 4 – уми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ба иродаи сиёсии кишварҳои ҳамсоя, ки мехоҳанд ба алифбои ягонаи туркӣ гузаранд “эҳтиром дорем ва ҳар кишвар дар сатҳи афзалияти манфиати миллӣ ва дурнамои рушди фарҳангиаш ба тағйири алифбо тасмим мегирад”.

“Агар чунин тасмим дар сатҳи сиёсии ин кишварҳо қабул шуда бошад Тоҷикистон аз рӯйи одоби дипломатӣ ин иродаҳои сиёсиро зери шубҳа қарор доданӣ нест. Масъалаи вобаста ба алифбои имрӯзаи роиҷи Тоҷикистон, айни замон чунин масъала матраҳ нест, ки гузариши мо ба ягон алифбои дигар мавриди назар бошад”,-гуфт Хайриддин Усмонзода.

Бояд гуфт, ки соли гузашта Созмони кишварҳои туркӣ дар як ҳамоиш масъалаи алифбои ягонаро матраҳ карда аз кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Ӯзбекистон вап Қирғизистон) даъват кард, ки ба “алифбои туркӣ” рӯй оваранд.

Дар Тоҷикистон ҳамчунон хатти кирилӣ роиҷ аст, ҳарчанд бархе фарҳангиён ва зиёиёни кишвар аз зарурати гузаштани Тоҷикистон ба алифбои форсӣ таъкид мекунанд. Онҳо далел меоранд, ки ин хат мероси гузаштаи тоҷикон аст ва ҳамаи гузаштагони ин миллат бо ин хат таълиф кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.