Размикори тоҷики ММА Беҳрӯз Зуҳуров ба арсаи ҷаҳонӣ бармегардад

Дар чаҳорчӯби мусобиқаи АСА 184 дар вазни нимасабук намояндаи Тоҷикистон Беҳрӯз Зуҳуров (16-7) бо лақаби «Ong Bak» бо размикор аз Қирғизистон Шерғозӣ Кенҷабоев (5-3) рақобат мекунад. Дар ин бора нашрияи «Sherdog» хабар медиҳад. Рақобат рӯзи 22 феврал дар Маскав баргузор мешавад. Рақобати ахири худро Зуҳуров моҳи августи соли 2024 дар мусобиқаи АСА 178 муқобили размикори […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Дар чаҳорчӯби мусобиқаи АСА 184 дар вазни нимасабук намояндаи Тоҷикистон Беҳрӯз Зуҳуров (16-7) бо лақаби «Ong Bak» бо размикор аз Қирғизистон Шерғозӣ Кенҷабоев (5-3) рақобат мекунад. Дар ин бора нашрияи «Sherdog» хабар медиҳад.

Рақобат рӯзи 22 феврал дар Маскав баргузор мешавад. Рақобати ахири худро Зуҳуров моҳи августи соли 2024 дар мусобиқаи АСА 178 муқобили размикори Русия Глеб Хабибуллин гузаронида буд. Рақобат тамоми вақти муқарраргардида се раунд давом карда, бо қарори якдилонаи доварон Хабибуллин ғолиб дониста шуд.

Размикори тоҷик Беҳрӯз Зуҳуров 16 ғалаба ва 7 бохт дорад.

Беҳрӯз Зуҳвров размикори ММА аз Тоҷикистон аст, ки дар вазни нимасабук ҳунарнамоӣ мекунад. 17 январи соли 1993 таваллуд шудааст. Бори аввал дар ММА соли 2013 ба рақобат баромадааст. Рақобати нахустинашро дар ташкилоти нисбатан бузург соли 2015 дар Лигаи Alash Pride гузаронидааст.

Пас аз ин Беҳрӯз барои фатҳи Чин рафт. Дар ин ҷо Зуҳуров ба сурати умум 5 рақобат гузаронид, 4-то дар промоушени WBK. Дар ҳамаи рақобатҳо размикори тоҷик рақибонашро мағлуб кард.

Баъди Чин Беҳрӯз ба Лигаи Fight Nights Global омада, аз 4 рақобат дар 3-тоаш дастболо шуд. Дар ду рақобат ӯ ҳарифонашро ба нокаут фиристод. Соли 2020 размикори умедбахшро ба АСА қабул карданд.

Моҳи ноябри соли 2023 Зуҳуров дар мусобиқаи NAGA Europe Grappling Championship дар вазни 75 кг медали нуқра ба даст овард. Мусобиқа дар шаҳри Лимбурги Нидерланд барпо шуд.

Размикори тоҷик моҳи сентябри соли 2022 дар мусобиқаи EMC 10 низ ба майдон баромада, дар раунди аввал аз Фабиано Силва Консейсау бо нокаут шикаст хӯрд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.