Раиси вилояти Суғд: Соли гузашта дар вилоят беш аз 100 корхонаи саноатӣ аз кор монд

Соли гузашта дар вилояти Суғд 118 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмондааст. Дар ин бора  имрӯз, 5-уми феврал зимни нишасти матбоутӣ Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд хабар дод. Номбурда сабаби қатъи фаъолияти корхонаҳоро “рақобат карда натавонистан, мавсимӣ будани корхонаҳо ва аз қайд набаровардани корхонаҳое, ки солҳои пеш фаъолияташон қатъ шуда буд" унвон кард. Ба гуфтаи ӯ, дар баробари ин, […]

Соли гузашта дар вилояти Суғд 118 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмондааст. Дар ин бора  имрӯз, 5-уми феврал зимни нишасти матбоутӣ Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд хабар дод.

Номбурда сабаби қатъи фаъолияти корхонаҳоро “рақобат карда натавонистан, мавсимӣ будани корхонаҳо ва аз қайд набаровардани корхонаҳое, ки солҳои пеш фаъолияташон қатъ шуда буд" унвон кард.

Ба гуфтаи ӯ, дар баробари ин, соли гузашта дар вилоят 164 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ таъсис ёфтаанд, ки қисми зиёди корхонаҳо дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рост меояд.

“Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2023 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 120,1 фоизро ташкил кард”, – гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Ба иттилои вай, корхонаҳои саноатии вилоят тавонистанд, ки дар ин давра беш аз 250 намуди маҳсулоти саноатиро истеҳсол кунанд, ки бештар маҳсулоти воридотивазкунанда аст.

Корхонаҳои саноатии вилоят дар ин давра меваҳои тару тоза ва афшураҳо,нахи пахта, маҳсулоти маъданӣ ва ғайра ба дигар давлатҳо содирот карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Суғд маҷмӯан дар соҳаи саноат  1229  корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта, аз он  38 корхонаҳои хусусияти хизматрасонии саноатӣ доранд ва дар корхонаҳои вилоят 258 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад.

Қаблан, дар пайи як сафари матбуотӣ ба корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд маълум шуд, ки чанд корхонаи саноатии шаҳри Хуҷанд ба коргар ниёз доранд, ҳарчанд масъулини корхонаҳо мегӯянд, шароити корӣ ва маоши хуб ҳаст.

Аз 6  корхона, ки рӯзноманигорон дидан карданд, дар 4-тои он дар маҷмуъ, наздикӣ 450 коргар намерасид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.