Норасоии садҳо коргар дар корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд

Чандин корхонаи саноатии шаҳри Хуҷанд ба коргар ниёз доранд. Масъулини корхонаҳо мегӯянд, шароити корӣ ва маоши хуб ҳаст, вале талабгор нест. Ин мушкил зимни сафари матбуотӣ ба чанд корхонаи саноатӣ, ки ҳукумати Хуҷанд рӯзи 24-уми сентябр ташкил кард, ба мушоҳида расид. Аз 6  корхона, ки рӯзноманигорон дидан карданд, дар 4-тои он дар маҷмуъ, наздикӣ 450 […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Чандин корхонаи саноатии шаҳри Хуҷанд ба коргар ниёз доранд. Масъулини корхонаҳо мегӯянд, шароити корӣ ва маоши хуб ҳаст, вале талабгор нест.

Ин мушкил зимни сафари матбуотӣ ба чанд корхонаи саноатӣ, ки ҳукумати Хуҷанд рӯзи 24-уми сентябр ташкил кард, ба мушоҳида расид. Аз 6  корхона, ки рӯзноманигорон дидан карданд, дар 4-тои он дар маҷмуъ, наздикӣ 450 коргар намерасид.

 

“Ситораи тоҷ” ба 340 ва “Лидер” ба 100 коргар ниёз доранд

ҶДММ “Ситораи тоҷ” яке аз чунин корхонаҳо аст. Он 9-уми сентябр бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба истифода дода шуд. Ин корхона либосҳои махсус барои коргарони саноати куҳӣ истеҳсол мекунад.

Мавзуна  Ғафурова, як масъули корхона ба рӯзноманигорон гуфт, корхона ба 340 коргар ниёз дорад.

“Дар корхона 700 ҷойи корӣ мавҷуд аст. Айни замон 360 зан кор мекунанд. Ҳамаи шароит муҳайё аст, вале талабгор нест. Чанд маротиба эълон додем, вале касе намеояд. Сабабашро намедонам”, – гуфт ин масъули корхонаи “Ситораи тоҷ”.

Дар ҶДММ  “Лидер” корхонаи дигар, ки якҷой бо “Ситораи тоҷ” дар як вақт кушода шуда, дар як бино мавҷуд аст, ҳоло 100 коргар намерасад.

Шаҳло Латипова, як масъули корхона гуфт, дар ҳоли фармоиши зиёд ниёз ба коргарон низ афзоиш меёбад. Ӯ гуфт, ҳарчанд шароти корӣ ва маоши хуб муҳайё аст, вале талабгор нест.

Ҳоло дар ин корхона  40 зан кор мекунанд. Он дар асоси талаботи стандартҳои байналмилалӣ шимҳои ҷинсро бо бренди “JADID”, ки 99% аз пахта аст, мебарорад.

 

“Ҳамагӣ 8 нафар кор мекунад”

Корхонаи “Ҷураев О”, ки ба ҷӯроббарорӣ машғул аст, ба ғайр аз мушкили норасоии коргар, ҳамчунин, ба рақобатнопазирӣ рӯбарӯ аст.

Ҳоло дар корхона беш аз 10 коргар намерасад. Ҳамагӣ 8 нафар кор мекунанд.

Мануҷеҳр Ёров, роҳбари корхона сабаби норасоии коргаронро аз дуртар ҷойгир будани корхона аз роҳи марказӣ унвон кард ва гуфт, “аксари хоҳишмандон  мушкил будани рафтуоро муаммо дониста ба кор намеоянд”.

“Дуюм, бо вуҷуди пахтагӣ будани маҳсулоти истеҳсолӣ дар бозор рақобатпазир нест. Чунки ҷорубҳои истеҳсоли ӯзбекистонӣ ва хитоӣ дар бозор бо вуҷуди синтетикӣ серталабанд”, – гуфт ӯ.

ҶДММ “Азияполитекс”, ки дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд аст, низ ба коргар ниёз дорад. Ин корхона  халтаҳои полиэтиленӣ  истеҳсол мекунад.

Хуршед Темиров, муовини директори корхона нагуфт, ки мушаххас чанд коргар намерасад, вале гуфт, аксаран занҳо дар ин корхона кор мекунанд ва  маош 1500 то 3000 сомонӣ аст.

Ба иттилои расмӣ, дар шаҳри Хуҷанд наздики 300 корхонаи саноатӣ мавҷуд аст, ки 34 адади он дар 8 моҳи имсол кушода шуданд. Дар ин давра корхонаҳои санотии шаҳри Хуҷанд беш аз 300 нафар ба ҷойи корӣ таъмин  шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, 23-уми июли имсол дар нишасти матбуотии нимсолааш Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд гуфта буд, ки 12 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмонда, 38 корхона нақшаи истеҳсоли маҳсулотро иҷро накарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.