Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?

Моҳи марти соли равон шаҳрвандони Тоҷикистон бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва идҳо – Рӯзи модар ва ҷашни Наврӯз 15 рӯз истироҳат мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ хабар доданд. Мувофиқи меъёрҳои қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар санаи иди расмӣ, ки дар он рӯзи истироҳат эълон шудааст, ба […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Моҳи марти соли равон шаҳрвандони Тоҷикистон бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва идҳо – Рӯзи модар ва ҷашни Наврӯз 15 рӯз истироҳат мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Мувофиқи меъёрҳои қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар санаи иди расмӣ, ки дар он рӯзи истироҳат эълон шудааст, ба рӯзҳои истироҳат – шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи дигари корӣ ҳам рӯзи истироҳат мешавад.

Дар ҷашни Наврӯз рӯзҳои истироҳат 21, 22, 23 ва 24 март муқаррар шудааст. Чун рӯзҳои 23 ва 24 март ба шанбе ва якшанбе рост меоянд, сокинони Тоҷикистон пайиҳам боз рӯзҳои 25-26 март низ истироҳат мекунанд.

Ба ин тариқ, бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва идҳо барои сокинони ҷумҳурӣ дар моҳи март рӯзҳои зерин истироҳат аст: 2,3, 8,9,10, 16,17, 21,22,23,24,25,26, 30,31.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.