Эҳтимоли қатъи дастрасӣ ба mail.ru дар Тоҷикистон


Раиси Ассотсиатсияи ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон Асомуддин Атоев ба ОИ «Азия-Плюс» иттилои аз ҷониби Хадамоти алоқа ба ширкатҳо ирсол шудани мактуб дар бораи қатъи дастрасӣ ба 131 сомонаро тасдиқ намуд.

Ба қавли ӯ, ба ин рӯйхат аслан шабакаҳои иҷтимоӣ шомиланд, ки тоҷикистониён аз онҳо зиёд истифода мекунанд. «Шояд супориши расмии Хадамоти алоқа имрӯз ба мо ҳам дастрас гардад», – гуфт вай.

А.Атоев мегӯяд, ба ӯ маълум аст, ки миёни ин торнамоҳо шабакаҳои иҷтимоии «Вконтакте», «Одноклассники», Twitter, topvideo.tj (ҳамсони тоҷикии YouTube) ва ҳамчунин портали mail.ru, ки аз он қариб тамоми кормандони мақомоти давлатӣ истифода мекунанд, мавҷуданд.

«Яқинан дар супориши Хадамоти алоқа сабаби баста шудани сомонаҳоро ба баргузории корҳои фанниву таъмир рабт медиҳанд, зеро қаблан низ Хадамоти алоқа маҳз ҳамин сабабҳоро номбар мекард», – иброз дошт раиси Ассотсиатсия.

Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи сипаришуда ВАО-и Русия иттилоъ доданд, ки шоми рӯзи ҷумъа Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ ба ширкатҳои фароҳамсози Интернет нома фиристода, дастур додааст, ки дастрасӣ ба 131 сомона қатъ карда шавад. Намояндаи яке аз ин ширкатҳо ба хабаргузории «Интерфакс» изҳор намудааст, ки рӯйхати сомонаҳо хеле бузург буда, сабаби қатъи дастрасӣ шарҳ дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ барои шарҳу тавзеҳи масъала дастнорас аст. Роҳбари хадамот Бег Зуҳров низ ба зангҳои телефонӣ посух намегӯяд.

Қобили зикр аст, ки чанде аз ширкатҳои фароҳамсози интернет мувофиқи супориши Хадамоти алоқа аллакай дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ аз қабили «Вконтакте», сомонаҳои torrents.tj ва topvideo.tj-р қатъ кардаанд.

spot_imgspot_img

Популярное