Қабули қатъномаи аз ҷониби Тоҷикистон таҳияшуда дар Маҷмаъи Умумии СММ

Ахири ҳафтаи гузашта Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро, ки «Татбиқи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» унвон дорад, бо иттифоқи оро қабул кард. Он қатънома аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон дар СММ дар чаҳорчӯби банди 20-уми рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ, ки «Рушди устувор» ном дорад, таҳия ва пешниҳод гардида буд. Чунон ки маълум аст, соли оянда […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро, ки «Татбиқи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» унвон дорад, бо иттифоқи оро қабул кард. Он қатънома аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон дар СММ дар чаҳорчӯби банди 20-уми рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ, ки «Рушди устувор» ном дорад, таҳия ва пешниҳод гардида буд.

Чунон ки маълум аст, соли оянда ҷомеаи байналмилалӣ, бино бар қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ 65/154, ки муаллифи он низ кишвари мост, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро қайд хоҳад намуд. Бори нахуст пешниҳод дар бораи эълон кардани Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар V Форуми ҷаҳонии об, ки дар Истанбул марти 2009 баргузор шуда буд, садо дода буд.

Ба рӯйхати бониёни қатъномаи мо ҳамагӣ 48 кишвар, ки қитъаҳои гуногуни ҷаҳонро намояндагӣ мекунанд, ҳамроҳ шуданд: Австралия, Арманистон, Афғонистон, Африкаи Ҷанубӣ, Баҳрайн, Бангладеш, Беларус, Бенин, Ветнам, Гайана, Гурҷистон, Ҷумҳурии Доминикан, Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон, Коста-Рика, Ҷумҳурии Корея, Кувайт, Люксембург, Маврикий, Марокаш, Маҷористон, Мексика, Молдова, Монтенегро, Муғулистон, Науру, Непал, Покистон, Папуа-Гвинеяи Нав, Федератсияи Русия, Сербия, Суринам, Таиланд, Тимор-Лешти, Туркманистон, Украина, Фиҷи, Финляндия, Ҳиндустон, Хитой, Ҳондурас, Шри-Ланка, Эритрея, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ямайка ва Япония.

Мувофиқи қатъномаи мо, соли 2013 ду ҳамоиши муҳимми зерин дар мавзӯи ҳамкорӣ дар соҳаи об: Муколамаи сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк (22 март) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе (август) баргузор хоҳанд шуд.

Дар қатънома инчунин аз Дабири кулли СММ даъват ба амал омадааст, ки дар ҳамкорӣ бо ниҳоди «СММ-Об» ва дигар муассисаҳои дахлдори СММ ҷиҳати дар сатҳи ҷаҳонӣ татбиқ кардани Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об мусоидат намояд.

Бо иттифоқи оро қабул гардидани қатънома боре дигар нишон дод, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар мавзӯи об аҳаммияти ҷаҳонӣ дошта, мавриди таваҷҷуҳ ва пуштибонии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид  қарор доранд.   

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.