Мавқеи Русия оид ба Созишномаи воридоти маҳсулоти нафтӣ тағйир наёфт

Ҳафтаи равон Русия ба мактуби расмии ҳукумати Тоҷикистон оид ба лоиҳаи Созишнома дар бораи воридоти маҳсулоти нафтӣ посух ирсол намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, қаблан Тоҷикистон лоиҳаи созишномаро бо иловаҳо ба Русия фиристода буд. «Вазорати энергетикаи Русия посух дод, ки дар мавқеи худ боқӣ мемонад , – гуфт […]

Заррина Эргашева


Ҳафтаи равон Русия ба мактуби расмии ҳукумати Тоҷикистон оид ба лоиҳаи Созишнома дар бораи воридоти маҳсулоти нафтӣ посух ирсол намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, қаблан Тоҷикистон лоиҳаи созишномаро бо иловаҳо ба Русия фиристода буд. «Вазорати энергетикаи Русия посух дод, ки дар

мавқеи худ боқӣ мемонад

, – гуфт манбаъ. – Айни замон ин масъала мавриди омӯзиши ҳукумат ва шахсан нахуствазири ҷумҳурӣ қарор дорад».

Ба иттилои манбаъ, агар тамоми масъалаҳо роҳи ҳалли худро пайдо намоянд, ахири ҳамин моҳ созишнома дар Душанбе ба имзо мерасад.

Қобили зикр аст, ки тибқи баъзе маълумот, масъалаи дубораи ба кишварҳои сеюм интиқол нашудани маҳсулоти нафтии Русия ба бенатиҷа анҷом ёфтани гуфтушуниди ҷонибҳо оид ба таҳияи созишнома дар ин хусус боис гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи октябр миёни Тоҷикистону Русия дар бораи воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Ҳамчунин мебояд гуфт, ки ҳиссаи маҳсулоти нафтии Русия дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон тадриҷан аз 95%-и соли 2010 соли равон то ҳудуди 50% поин рафт.

Дар ҳамин ҳол, ҳодисаҳои қочоқи бензин аз кишвари ҳамсояи Қирғизистон зиёд шуда, ҳиссаи ин кишвар дар воридоти расмии сӯзишворӣ ба Тоҷикистон аз 0,5%-и соли гузашта соли ҷорӣ то 12% боло рафт, зеро маҳсулоти нафтии Русия бидуни боҷи содиротӣ ба Қирғизистон ворид гардида, нархи он нисбат ба Тоҷикистон пасттар мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.