М.Кабирӣ: Дар арзёбии терроризм Ғарб бархӯрди дугона дорад

Чанде қабл дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд вохӯрии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ бо намояндагони қишрҳои гуногуни аҳолии ноҳия баргузор гардид. Бино ба маълумоти қароргоҳи марказии ҲНИТ, зимни суҳабт М.Кабирӣ зикр кард, ки аксари сиёсатмадорони Ғарб зимни арзёбии зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм бархӯрди дугона доранд. Раиси ҲНИТ бо ишора ба […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд вохӯрии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ бо намояндагони қишрҳои гуногуни аҳолии ноҳия баргузор гардид.

Бино ба маълумоти қароргоҳи марказии ҲНИТ, зимни суҳабт М.Кабирӣ зикр кард, ки аксари сиёсатмадорони Ғарб зимни арзёбии зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм бархӯрди дугона доранд.

Раиси ҲНИТ бо ишора ба фоҷиае, ки  дар натиҷаи ҳамлаи нафаре ба кӯдакони мактабе дар Амрико бачаҳои бегуноҳ кушта шуданд, таъкид кард, ки чунин ҳамлаҳо чандин бор дар Амрико ва Ғарб сурат мегирад, аммо касе онҳоро террорист намегӯяд, балки онҳоро бемор муаррифӣ мекунанд.

«Аммо вақте як бемори равонӣ дар Покистон танҳо як духтараки мактабхонро маҷруҳ кард, тамоми васоити ахбори омма ин хабарро амали террористи исломӣ эълон ва чунин вонамуд карданд, ки Ислом зидди илму мактаб аст. Дар ҳоле, ки мо ин амали ифротиро маҳкум мекунем ва Ислом ҳам чунин амалро қабул надорад», – гуфт ӯ.

Дар ҷараёни сафар ба ноҳияи Ашт Муҳиддин Кабирӣ бо мақомоти раҳбарии ноҳия низ мулоқот ороста, аз мактаб-интернати маҳаллӣ боздид намуд. Имрӯз дар Хуҷанд вохӯрии раҳбари ҲНИТ бо ҷавонон ва аҳли зиё баргузор мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.