Таътили зимистонаи толибилмон як моҳ давом мекунад

Таътили зимистонаи толибилмони макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон як моҳ давом мекунад. Тавре аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, таътил 1-уми январ оғоз гардида, 31-уми январ таҳсил оғоз меёбад. «Матни қарор дар ин бораи омода гардида, вале ҳанӯз аз ҷониби вазири маориф Нуриддин Саидов ба имзо нарасидааст», – гуфтанд дар вазорат. Ба иттилои манбаъ, ҳоло ба […]

Меҳрангез Турсунзода


Таътили зимистонаи толибилмони макотиби таҳсилоти умумии Тоҷикистон як моҳ давом мекунад.

Тавре аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, таътил 1-уми январ оғоз гардида, 31-уми январ таҳсил оғоз меёбад. «Матни қарор дар ин бораи омода гардида, вале ҳанӯз аз ҷониби вазири маориф Нуриддин Саидов ба имзо нарасидааст», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло ба таътили баҳорӣ баромадани толибилмони макотиб маълум нест, зеро соли оянда таҷлили Иди Наврӯз дар Тоҷикистон муддати 5 рӯз идома меёбад. «Сарфи назар аз таъин шудан ё нашудани таътили баҳорӣ, толилмон дар иди Наврӯз истироҳат хоҳанд кард», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки иди Занги камолот чун анъана 25-уми май ҷашн гирифта хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки соли равон Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бо назардошти супориши мақомоти шаҳрдории Душанбе ва сард омадани зимистони имсола таътили тирамоҳии толибилмони макотиби таҳсилоти умумиро бекор кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.