Эҳтимоли қатъи дастрасӣ ба mail.ru дар Тоҷикистон

Раиси Ассотсиатсияи ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон Асомуддин Атоев ба ОИ «Азия-Плюс» иттилои аз ҷониби Хадамоти алоқа ба ширкатҳо ирсол шудани мактуб дар бораи қатъи дастрасӣ ба 131 сомонаро тасдиқ намуд. Ба қавли ӯ, ба ин рӯйхат аслан шабакаҳои иҷтимоӣ шомиланд, ки тоҷикистониён аз онҳо зиёд истифода мекунанд. «Шояд супориши расмии Хадамоти алоқа имрӯз ба мо ҳам […]

ASIA-Plus


Раиси Ассотсиатсияи ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон Асомуддин Атоев ба ОИ «Азия-Плюс» иттилои аз ҷониби Хадамоти алоқа ба ширкатҳо ирсол шудани мактуб дар бораи қатъи дастрасӣ ба 131 сомонаро тасдиқ намуд.

Ба қавли ӯ, ба ин рӯйхат аслан шабакаҳои иҷтимоӣ шомиланд, ки тоҷикистониён аз онҳо зиёд истифода мекунанд. «Шояд супориши расмии Хадамоти алоқа имрӯз ба мо ҳам дастрас гардад», – гуфт вай.

А.Атоев мегӯяд, ба ӯ маълум аст, ки миёни ин торнамоҳо шабакаҳои иҷтимоии «Вконтакте», «Одноклассники», Twitter, topvideo.tj (ҳамсони тоҷикии YouTube) ва ҳамчунин портали mail.ru, ки аз он қариб тамоми кормандони мақомоти давлатӣ истифода мекунанд, мавҷуданд.

«Яқинан дар супориши Хадамоти алоқа сабаби баста шудани сомонаҳоро ба баргузории корҳои фанниву таъмир рабт медиҳанд, зеро қаблан низ Хадамоти алоқа маҳз ҳамин сабабҳоро номбар мекард», – иброз дошт раиси Ассотсиатсия.

Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи сипаришуда ВАО-и Русия иттилоъ доданд, ки шоми рӯзи ҷумъа Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ ба ширкатҳои фароҳамсози Интернет нома фиристода, дастур додааст, ки дастрасӣ ба 131 сомона қатъ карда шавад. Намояндаи яке аз ин ширкатҳо ба хабаргузории «Интерфакс» изҳор намудааст, ки рӯйхати сомонаҳо хеле бузург буда, сабаби қатъи дастрасӣ шарҳ дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ барои шарҳу тавзеҳи масъала дастнорас аст. Роҳбари хадамот Бег Зуҳров низ ба зангҳои телефонӣ посух намегӯяд.

Қобили зикр аст, ки чанде аз ширкатҳои фароҳамсози интернет мувофиқи супориши Хадамоти алоқа аллакай дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ аз қабили «Вконтакте», сомонаҳои torrents.tj ва topvideo.tj-р қатъ кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.