Нимаи дуюми рӯзи 23-юми апрели соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасон»-и шаҳри Душанбе оид ба тақвияти ҳамкориҳои кумитаҳои падару модарон, мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ ва мудирияти кулли мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт ҷаласаи васеи масъулини зикргардида доир гардид.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, ҷаласаи мазкур бо хулоса аз оқибатҳои фалокатбори ҳодисаи нангини дар мактаби таҳсилоти умумии №37-и ноҳияи Сино рухдода дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчун амали вокунишӣ нисбати пешгирӣ аз чунин кирдорҳои фоҷеаовари ноболиғон бо истифода аз потенсиали аҳли ҷамоатчигӣ сурат гирифт.
Ҷаласаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Санавбар Раҳимова сарварӣ намуда, дар он прокурори шаҳр Саймурод Қодиров ва муовини аввали сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Саидхӯҷа Мирзохӯҷаев оид ба вазъи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, пайомадҳои татбиқи талаботи қонунгузорӣ нисбати онҳо ва падару модарон гузориши муфассал доданд.
Бо мақсади тақвияти корҳои пешгирикунандаву фаҳмондадиҳӣ, дар ҷаласа қарор гардид, ки чунин ҳамоишҳо минбаъд моҳе як маротиба дар таносуби ҳар кадом ноҳияҳои шаҳр баргузор карда мешавад.



