Парлумон маъракаи зиддитоҷикӣ дар Русияро баррасӣ мекунад

Имрӯз зимни ифтитоҳи иҷлосияи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров пешниҳод намуд, ки масъалаи маъракаи зиддитоҷикии ахиран аз ҷониби ВАО ва сиёсатмадорони ҷудогонаи Русия роҳандозишуда баррасӣ гардад. «Изҳороти раиси Ҳизби либералӣ-демократии Русия (ЛДПР) дар барномаи телевизонии «Поединок»-и шабакаи «Россия» дар бораи Тоҷикистон ва сарвари он ба ҳеҷ як чорчӯбаи сиёсат нағунҷида, […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз зимни ифтитоҳи иҷлосияи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров пешниҳод намуд, ки масъалаи маъракаи зиддитоҷикии ахиран аз ҷониби ВАО ва сиёсатмадорони ҷудогонаи Русия роҳандозишуда баррасӣ гардад.

«Изҳороти раиси Ҳизби либералӣ-демократии Русия (ЛДПР) дар барномаи телевизонии «Поединок»-и шабакаи «Россия» дар бораи Тоҷикистон ва сарвари он ба ҳеҷ як чорчӯбаи сиёсат нағунҷида, лоиқи шахси тарбиятдида нест», – гуфт Зуҳуров.

Пшниҳоди Ш.Зуҳуровро вакилон якдилона дастгирӣ намуданд. Интизорӣ меравад, ки то нимаи имрӯз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба унвони Думаи давлатии Русия изҳороти расмӣ қабул мекунад.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба изҳороти Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либералӣ-демократии Русия ва Дмитрий Рогозин, ноиби нахуствазири ин кишвар сафири Русия дар ҶТ Юрий Попов ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват шуда, ба ӯ

ёддошти

ин ниҳоди давлатии Тоҷикистон супурда шуд.

Муовини аввали роҳбари фраксияи Ҳизби либералӣ-демократии Русия (ЛДПР) дар Думаи давлатӣ Владимир Овсянников дар робита ба аз ҷониби ВКХ Тоҷикистон ба сафири Русия дар ҶТ супурдани ёддошт изҳор намуд, ки раиси ЛДПР Владимир Жириновский бо суханони худ на мақомоти раҳбарӣ ва на сокинони Тоҷикистонро

ранҷонданӣ набуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.