Нигаронии шаҳрдории пойтахт аз ҷинояткорӣ миёни ноболиғон

Нимаи дуюми рӯзи 23-юми апрели соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасон»-и шаҳри Душанбе оид ба тақвияти ҳамкориҳои кумитаҳои падару модарон, мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ ва мудирияти кулли мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт ҷаласаи васеи масъулини зикргардида доир гардид. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, ҷаласаи мазкур бо хулоса аз оқибатҳои фалокатбори […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми рӯзи 23-юми апрели соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасон»-и шаҳри Душанбе оид ба тақвияти ҳамкориҳои кумитаҳои падару модарон, мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ ва мудирияти кулли мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт ҷаласаи васеи масъулини зикргардида доир гардид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, ҷаласаи мазкур бо хулоса аз оқибатҳои фалокатбори ҳодисаи нангини дар мактаби таҳсилоти умумии №37-и ноҳияи Сино рухдода дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе  Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчун амали вокунишӣ  нисбати пешгирӣ аз чунин кирдорҳои фоҷеаовари ноболиғон бо истифода аз потенсиали аҳли ҷамоатчигӣ сурат гирифт.

Ҷаласаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Санавбар Раҳимова сарварӣ намуда, дар он прокурори шаҳр Саймурод Қодиров ва муовини аввали сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Саидхӯҷа Мирзохӯҷаев оид ба вазъи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, пайомадҳои татбиқи талаботи қонунгузорӣ  нисбати онҳо ва падару модарон гузориши муфассал доданд.

Бо мақсади тақвияти корҳои пешгирикунандаву фаҳмондадиҳӣ, дар ҷаласа қарор гардид, ки чунин ҳамоишҳо минбаъд моҳе як маротиба дар таносуби ҳар кадом ноҳияҳои шаҳр баргузор карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.