Оғози фаъолияти МБГ Душанбе бо фарорасии сардӣ

Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе ба мавсими нави оғози фаъолият комилан омода аст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, айни замон барои истифодаи захираҳо, ки дар фасли сармои шадид метавонанд лозим шаванд, зарурате вуҷуд надорад ва бо расидани сармо корхона ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол, аз МБГ Душанбе […]

Пайрав Чоршанбиев


Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе ба мавсими нави оғози фаъолият комилан омода аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, айни замон барои истифодаи захираҳо, ки дар фасли сармои шадид метавонанд лозим шаванд, зарурате вуҷуд надорад ва бо расидани сармо корхона ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, аз МБГ Душанбе дар ин робита хабар доданд, ки ба оғози фаъолият комилан омода буда, супориши макомоти раҳбарии ширкати «Барқи тоҷик»-ро интизоранд.

Дар робита ба таъмини МБГ бо сӯзишвории асосӣ – гази табиӣ, дар корхона изҳор намуданд, ки миёни ширкати «Барқи тоҷик» ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» дар бораи таъмини марказ дар мавсими тирамоҳу зимистон бо 21 млн. метри мукааб гази табиӣ қарордод ба имзо расидааст.

Дар МБГ таъкид доштанд, ки айни замон дар анборҳои корхона захираҳои сӯзишвории эҳтиётӣ – мазут 16,5 ҳазор тоннаро ташкил дода, рӯзҳои наздик боз 5 тоннаи дигар аз ин навъи сӯзишворӣ дастрас мегардад ва дар маҷмӯъ, захира кардани мазут дар ҳаҷми 30 ҳазор тонна дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта МБГ Душанбе нимаи дуюми моҳи декабр ба фаъолият шурӯъ намуда, қисман танҳо сокинони ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии пойтахт бо гармӣ ва оби гарм таъмин карда шуданд.

То ин замон тайи ду соли ахир корхона ба фаъолияти худ аз 1-уми декабр оғоз бахшида, солҳои аз он қаблӣ бошад, мавсими кори МБГ Душанбе ҳамасола аввали моҳи ноябр оғоз ва аввали моҳи апрел ба итмом мерасид.

Маркази барқу гармидиҳии Душанбе (ТЕЦ) соли 1968 мавриди истифода қарор гирифта, иқтидораш 198 МВт-ро ташкил медиҳад. Дар корхона ба сифати сӯзишвории асосӣ гази табиӣ ва сӯзишворири эҳтиётӣ мазут истифода мешавад.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.